Соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардани Роҳбари давлат, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми кишвар маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро омӯхта, ҳар як нуктаи онро донанд, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон мумкин аст, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад, ё ин ки аз
Маркази матбуот
Дониш ва ақлу заковат сарчашмаи хушбахтӣ, некномӣ ва шукуфоии ҳар як нафар, оила ва тамоми мардум мебошад. Дар қатори дигар донишҳо, дониши ҳуқуқӣ ё маърифати ҳуқуқӣ яке аз нақшҳои калидиро дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд мебозад. Дар ин радиф боиси тазаккур аст, ки ҳар як халқу миллат вобаста ба сохти […]
Бо рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири одамон низ ба муҳити атроф зиёд мешавад. Инсон бо табиат, яъне бо олами набототу ҳайвонот, инчунин бо сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ робитаи зич доранд. Дар замони муосир мушкилоти экологӣ рӯз то рӯз меафзояд, аз ин лиҳоз, нақши тарбияи экологӣ ва фарҳанги экологии аҳолӣ муассир аст. Муносибати байни табиат ва инсон […]
Ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 Пешвои муаззами миллат мисли Паёмҳои қаблӣ сиёсати дохиливу хориҷии давлатамонро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамзамон Сарвари давлатамон назди мардуми кишвар вазифагузориҳо намуданд. Дар ин қатор мо — кормандони суд низ ҳидоят гардидем, ки назди вазифаю масъулияти бар дӯш
29 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид. Дар тренинг мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба сомонаҳоро омӯзониданд.
Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳонӣ Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Чун дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон даргириҳои таҳмилӣ ба вуқуъ пайваст, кишвари ҷангзада аз Парчами собиқи худ истифода мебурд. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 дар Ичлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парҷами миллии Тоҷикистон қабул гардид.
Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навтарини кишвар саҳфаи заррин аст. Ин иҷлосия дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, раҳоии миллат аз коми фано, эъмори комили Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, муайянсозии ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистон ва ноил шудан ба дастовардҳои имрӯза
Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷнкистон» муайян карда шуд ва он ҳар сол дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохуриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона […]
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯз бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва мардуми тоҷик худро бо ифтихор ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд. Бо воситаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия аввалин маротиба дар Осиёи Миёна дар таҷрибаи
Бо шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар 29 сол муқаддам соҳиби Конститутсияи худ гардид. Чунин ҳуҷҷати муҳим барои ҳар як халқу давлат ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат Конститутсияи Тоҷикистонро чунин