НАҶОТБАХШИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навтарини кишвар саҳфаи заррин аст. Ин иҷлосия дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, раҳоии миллат аз коми фано, эъмори комили Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, муайянсозии ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистон ва ноил шудан ба дастовардҳои имрӯза наҳши бориз ва нодир дорад.
Мардуми тоҷик ва ҷаҳониён эътироф кардаанд, ки муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосия – интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ин воқеаи таърихиро беҳуда Иҷлосияи такдирсоз ном намебаранд. Чунки дар ин Иҷлосия 23 масъалаи муҳим ба хотири ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт ва 74 асноди меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расид. Ҳамин тариқ, чун низоми қонунгузориву ҷараёни иҷро ва назорати иҷрои он фалаҷ гашта буд, ба ин самтҳо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо гузошта шуд ва барои поягузории давлати соҳибистиқлол заминаҳои ҳуқуқӣ муайян гашт.
Ва ин ҳама поягузориҳо дар давраи басо мушкилу мудҳиш аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат амалӣ гаштанд. Сарвари давлат он рӯзҳои мудҳишро ба ёд оварда, таъкид сохтаанд, ки: «Вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксарияти сокинони мамлакат дар ҳолати тарсу ҳарос буданд, ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд. Маҳз ба шарофати ин иҷлосия дар кӯтоҳтарин мӯҳлат тавонистем, ки сохти конститутсиониро барҳарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем».
Воқеан, дар он давраи бесарусомониҳо меъёрҳои асосии қонунгузории ҷумҳурӣ амал намекард. Пешвои миллат боз ёдовар мешаванд, ки: «Маҳз дар ҳамин иҷлосия як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон ворид карда шуданд, ки аз як тараф мутобиқ ба талаботи замони нав буда, аз сӯи дигар барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон замина гузоштанд. Ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва пойдор гардидани сохти конститутсионӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон ҷони худро аз даст доданд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираи халҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Ин иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, Тоҷикистонро аз пароканда шудан наҷот бахшид».
Бале, маҳз ҳамин Иҷлосия буд, ки мо соҳиби давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, иҷтимоӣ, соҳибихтиёр, ҷумҳурии президентӣ гардидему, заминаи мусоидба дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, низоми сиёсии бисёрҳизбӣ, парламентаризм, мустақилияти ҳокимияти судӣ, худидораи маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра гузошта шуд.
Бо варақгардон кардани таърихи ин рӯйдоди нодири таърихӣ метавон гуфт, ки он баробари дигар самараҳои некаш, боз ҳамчун сарчашмаи таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ки ба ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат вобастагии мустақим дорад, маҳсуб меёбад. Ин Иҷлосия, ки ҳоло берун аз кишвар низ машҳур аст, бидуни шубҳа ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

 

Раҳимҷон Вализода,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода