ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ САМАРАИ КОРНАМОИҲОИ БЕМИСЛ АСТ

Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷнкистон» муайян карда шуд ва он ҳар сол дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохуриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Дар Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 эълон гардидааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон заминаи ташкиливу ҳуқуқӣ гузошт.
Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони онҳо, риояи қарододҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон нишонаи ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва озоду осудаи Тоҷикистон аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ дорад. Дар ин рӯз (16 ноябри соли 1994) баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти ҷумҳурӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар кишварҳои олам ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» ё «Сарвари давлат» таҷрибаи таърихӣ дорад.
Мисол, дар ИМА душанбеи сеюми моҳи феврал Рузи Президентро ҷашн мегиранд. Ин ид аз соли 1885 инҷониб бахшида ба Президенти нахустини ИМА – Ҷорҷ Вашингтон таҷлил карда мешавад.
Дар Исландия Рӯзи Президент 14 май ҷашн гирифта мешавад. Иди мазкур ба рӯзи таваллуди Президенти панҷум – Олавур Гриммсон бахшида шудааст.
Дар Қазоқистон бошад 1 декабр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама исбот менамояд, ки таҷлили Рӯзи Президент аз корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи ниҳоди президентӣ замина гузоштаанд, ташаккул ёфтааст.
Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар давлати тозаистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад.
Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 31 соли Истиқлолияти давлатӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид. Дар ин раванд қонунгузории миллии худро бунёд намуд, низоми самараноки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо мустаҳкам карда шуд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки комёбиву пирӯзиҳои мардуми сарбаланди кишвар бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ зам шуда, моро то абадулабад ба қуллаҳои баланду мунаввари сарафрозиҳо мебарад.

 

Далер Ализода,
раиси суди шаҳри Турсунзода