Тъиноти ошкоро эълон намудан ва супоридани аризаи даъвогї

 

Т А Ъ И Н О Т

 

24–майи  соли  2019                                                                              шањри Турсунзода

Муовини раиси суди шањри Турсунзода Сафарзода А.Ш.маводњои парвандаи оилавї бо аризаи даъвогии  Бобоев  Илњом    Нурматович нисбати Гиёева  Мадина  Камоловна оиди  бекор  кардани  аќди никоњ   бе додани   муњлати оштишавиро   омўхта,

М У А Й Я Н    К А Р Д:

Даъвогар Бобоев  Илњом  Нурматович  нисбати Гиёева  Мадина  Камоловна оиди бекор  кардани  аќди никоњ  бе додани  муњлати  оштишавї ба суд мурољиат намуда хоњиш кардааст,ки аризаи даъвогиаш ќонеъ карда шавад.

Дар рафти омодасозии парвандаи оилавї ба муњокимаи судї аз баёноти  даъвогар  Бобоев  И. Н. муайян карда шуд, ки љавобгар Гиёева  Мадина Камоловна дар љойи зисти доимиаш воќеъ дар шањри Турсунзода, Љ\д Навобод   дењаи  Шодмон , дар айни замон истиќомат намекунад

Тибќи талаботи моддаи 121 КМГ Љумњурии Тољикистон њангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати  судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти  судӣ қабул мекунад.

Нусхаи ҳамин таъинот аз рӯзи қабул  шуданаш бояд дар ҷойи эълонҳои судӣ насаб карда шавад. Хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳои судӣ насб кардани нусхаи таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба ҷавобгар ошкоро супоридашуда эътироф мегардад.

Суд баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳо насб карда шудани таъинот оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда парвандаи оилавии мазкурро тибқи муқаррароти боби 22 ҳамин Кодекс баррасӣ ва ҳал менамояд.

Судя бо назардошти он ки љойи зисти воќеъии љавобгар Гиёева  М.  айни  замон маълум нест, ба хулоса омад, ки бо дастрасии ќисми 1 моддаи 121 КМГ Љумњурии Тољикистон оид ба ошкоро супоридани даъвати судї ва њуљљатњои замимашуда таъинот ќабул намуда љавобгарро бо тариќи ошкоро ба мурофиаи  судї  даъват  намояд.

Бо назардошти њолатњои зикргардида, бо дастрасии моддањои 121, 156, 172 ва 229-230  КМГ Љумњурии Тољикистон судя,

Т А Ъ И Н   К А Р Д:

Суди шањри Турсунзода Гиёева  Мадина  Камоловнаро ба бинои суди шањри Турсунзода,  воќеъ  дар кўчаи  Б. Ғафуров 22, шањри Турсунзода даъват менамояд.

Ба љавобгар  Гиёева  Мадина  Камоловна супоридани даъвати судї бо њуљљатњои замимашуда оид ба парвандаи  оилавї бо аризаи даъвогии  Бобоев  Илњом  Нуратович нисбати  Гиёева  Мадина  Камоловна оиди  бекор  кардани  аќди никоњ  бе  додани  муњлати оштишавї, ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судї њуљљатњои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогї, нусхаи шиносномаи љавобгарон нусхаи шиносномаи техники, маълумотнома аз љойи зисти љавобгарон   нусхаи шартномаи гарав,нусхаи шартномаи ќарз њамаги дар њаљми 16 (шонздањ) вараќ.

Нусхаи таъинот аз рўзи ќабул шуданаш дар љойи эълонњои судї насб карда шавад ва пас аз гузаштани як моњ аз рўзи насб шуданаш ба љавобгар Гиёева  Мадина  Камоловна ошкоро супоридашуда эътироф  гардад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моњ аз рўзи дар љои эълонњо насб шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судї ва њуљљатњои ба он замимашуда ба суд њозир нашудани љавобгар    Гиёева  Мадина  Камоловна бо парвандаи  оилавї бо аризаи даъвогии  Бобоев Илњом   Нурматович нисбати  Гиёева  Мадина  Камоловна  оиди  бекор кардани аќди никоњ  бе додани  муњлати оштишавї,  дар ѓоибии љавобгар  Гиёева  Мадина  Камоловна баррасї карда шавад.

Баррасии парвандаи оилавї бо аризаи даъвогии Бобоев Илњом   Нурматович нисбати  Гиёева  Мадина  Камоловна  оиди  бекор кардани аќди никоњ  бе додани  муњлати оштишавї мавќуф гузошта шуда, он ба соати 10:00 даќиќаи рўзи  24–июни  соли 2019 дар бинои суди шањри Турсунзода таъин карда шавад.

 

Муовини раиси суди

шањри Турсунзода:                                                                            Сафарзода А.Ш.