ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Бо рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири одамон низ ба муҳити атроф зиёд мешавад. Инсон бо табиат, яъне бо олами набототу ҳайвонот, инчунин бо сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ робитаи зич доранд. Дар замони муосир мушкилоти экологӣ рӯз то рӯз меафзояд, аз ин лиҳоз, нақши тарбияи экологӣ ва фарҳанги экологии аҳолӣ муассир аст. Муносибати байни табиат ва инсон бо қонунҳои муайяне танзим карда мешавад, ки риоя накардани онҳо дер ё зуд боиси фалокати экологӣ мегардад.

Вазифаи асосии тарбия ва маърифати экологӣ ба танзим даровардани истифодаи табиат дар асоси қоидаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ, тавассути баланд бардоштани фарҳанги экологии мардум, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, инчунин назорати давлатӣ мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор зимни суханрониҳои хеш таъкид намудаанд.

Маълум аст, ки эҳсосу дарки табиат аз овони кӯдакӣ ташаккул меёбад. Ҳамаи мо дар кӯдакӣ бо бозичаҳои гуногуни ҳайвоншакл бозӣ мекардем, ҳамроҳи волидон ба боғи ҳайвонот мерафтем ва борҳо дар оғӯши табиат будем, дар саҳни ҳавливу мактаб гулу ниҳолҳои гуногун шинонидаем. Ҳамин тавр, мо дар бораи ҳайвонот ва наботот тасаввурот пайдо мекунем. Филмҳои тасвирие, ки тамошо кардем, китобҳое, ки хондем, донишҳое, ки мо дар мактаб аз фанҳои ботаника ва зоология андӯхтем, дар дарки падидаҳои табиӣ нақши муҳим доранд. Ҳамаи ин фаҳмиши моро дар бораи табиат васеъ мекунанд.

Азбаски тарбияи экологии насли наврас масъалаи мубрами рӯз аст, пеш аз ҳама, манфиатҳои экологӣ ва ҳифзи онҳоро ба кӯдакон ҳанӯз аз хурди омӯхтан лозим аст. Асоси ташаккули ҷаҳонбинии экологӣ, бо тарбия ва таълим дар оила алоқаманд аст. Гузаштагони мо ба масъалаи тарбияи фарзанд диққати махсус дода, дар ин бобат, анъанаҳои хубу намунавиро ҷорӣ кардаанд, дар ниҳоди кӯдакон муҳаббат нисбати табиат, эҳтиром ба муҳити зист, ҳисси меҳнатпарастӣ ва кабудизоркуниро парвариш додаанд.

Маданияти экологӣ дар асоси якчанд омилҳо ташаккул меёбад. Инҳо муҳаббат ба табиат, дониш ва таълими экологӣ, анъанаҳо ва арзишҳои тарғиби экологӣ мебошанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар тӯли ним асри охир аҳолии ҷаҳон 3,8 маротиба афзудааст. Айни замон, истеҳсоли қоғаз 15 маротиба, иқтидори корхонаҳои истеҳсоли нерӯи барқ 21 маротиба, истихроҷи нафт 7 маротиба ва истеҳсоли гази табиӣ 15 маротиба зиёд шудааст. Яъне, азхудкунии захираҳои табиӣ аз ҷониби инсон ва истифодаи исрофкоронаи он ба афзоиши аҳолии Замин номутаносиб аст. Дар натиҷа, мушкилоти оби тозаи нӯшокӣ дар ҷаҳон зиёдтар шуда, раванди биёбоншавӣ васеъ гардид, дарсади зиёди олами наботот ва ҳайвонот дар арафаи нобудшавӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи об бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 60% -и захираҳои оби Осиёи Марказиро доро аст, аммо бо вуҷуди доштани сарчашмаҳои бузурги обӣ, мушкилотҳои ҷиддӣ низ дорем. Пӯшида нест, ки солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон аз андозаи сеяк кам шуда, аз 13 000 пирях қариб 1 000 пирях завол ёфтаанд. Аз ин сабаб, дар кишвари мо низ истифодаи исрофкоронаи об ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

Аҳамияти эпидемиологӣ ва гигиении тозагии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ниҳоят бузург аст. Тозагӣ ва ободии маҳалҳои аҳолинишин, ҷараёни оби каналҳо, шинонидани дарахтони сояафкан ва кабудизоркунӣ ба пешгирии бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад.

Барои тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, партовҳоро саривақт ҷамъоварӣ намуда, онҳоро безарар гардонидан ва як қисми партовҳоро барои коркарди дубора фиристодан лозим аст. Агар партовҳо сари вақт безарар гардонида нашаванд, онҳо метавонад, ба муҳити беруна, яъне ба атмосфера, обанборҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва дарахтони мевадор, биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо осеби ҷиддӣ расонанд.

Дар асрҳои VIII — IX, дар шаҳрҳои кишварҳои Аврупо, Африқо ва Осиё ба андозае партовҳои бисёр ҷамъ шуда буданд, ки ҳатго равуои одамон аз он маҳалҳо душвор мешуд. Бо туфайли ин, паҳншавии бемориҳо ба монанди вабо зуд-зуд рух медод. Масалан, дар соли 1679 дар Вена тақрибан 80 000 нафар, дар соли 1687 қариб ҳамин теъдод дар Прага аз вабо фавтиданд. Худи ҳамин ҳолат дар Олмон, Италия ва Англия низ рух додааст.

Ҳамин тавр, ояндаи инсоният аз тарбия ва маърифати экологии насли наврас вобаста аст. Масъалаҳои глобалии экологиро метавон дар арсаи байналмилалӣ ҳал кард, аммо тозаю зебо нигоҳ доштани макони ҷои зист вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Дар шуури аҳолӣ ҷоӣ додани маърифати экологӣ ва дар амал татбиқ кардани он, кафолати солимии наслҳои оянда ва рушди ҷомеа мебошад.

Ализода Далер,
Раиси суди шаҳри Турсунзода