МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардани Роҳбари давлат, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми кишвар маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро омӯхта, ҳар як нуктаи онро донанд, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон мумкин аст, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад, ё ин ки аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда натавонад. Дар натиҷа аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон истифода бурда, баъзе ашхос ба хотири мақсадҳои ғаразноки худ онҳоро ба ҷиноят, амалҳои коррупсионӣ ва ғайра водор месозанд.

Мо медонем, ки надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад, аз ин хотир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як нафар метавонад хушбахтиву саодат, тинҷиву оромӣ ва дар тамоми корҳояш низому барор биорад. Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон ва шаҳрванд меҳвари ҳама гуна муносибати ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ва ҳама гуна қонунҳои амалкунанда ба ҳаёти шоиста барои инсон ва шаҳрванд дар ҷамъият равона карда шудааст. Яъне инсон ва шаҳрванд дар дунё аз ҳама мақоми баландро доро мебошад ва ҳар гоҳе, аз ин мақоми баланди худ огаҳӣ ёбад, дарку фаҳм менамояд, ки тамоми қонунҳоро бояд омӯхта маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорад, чунки ин танҳо ба нафъи ӯ ва зиндагии шоистаи ӯ мебошад.

Ба хушбахтии мардуми сарбаланди кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккул ва рушди чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бориз дорад. Дар чунин давлат ҳама гуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа сириштан дарк шавад. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 хело хуб баён кардаанд: «Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст».

Мавриди зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Яъне, риояи қонун ва эҳтироми шаъну шараф дар сурати мавҷуд будани маърифати ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд.

Маърифати ҳуқуқӣ ин доштани фаҳмиши ҳуқуқӣ, то як андозаи муайян бархурдор будан аз илми ҳуқуқшиносӣ, ё донистани илми ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз аҳли зиёи кишвар бо масъулияти баланди ватандорӣ ва инсонӣ, бояд дар шаҳру маҳал ва деҳоти дурдасти кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Инчунин хуб мешуд, ки аз технологияи муосир истифода бурда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳфаҳои маърифати ҳуқуқӣ кушода, ҳар як нуктаи қонунҳои амалкунандаи кишварро соддаю фаҳмо намуда ба мардум пешкаш намоем.

Зиндагии осоиштаву хушбахтона, кишвари зебову пешрафта ва ояндаи дурахшони фарзандон, аз ҳар яки мову шумо вобаста аст.

Иброҳимзода Залина,
Судяи суди шаҳри Турсунзода