Хабархои имрузи чахон

Вазорати тандурустии ҶТ, омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Бино бар гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир 77 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 33 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8379 нафар баробар гардид.

«То санаи  25 август дар мамлакат  7179  (85,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 67  нафар фавтидаанд», — омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати беҳдошт аз мардум даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос,  ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

 

ТАНДУРУСТӢ

Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон 
Аллакай дар 41 мактаби Олмон толибилмон бемор шуда ва ба карантин фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати Исроил ва ИМА низ аз авҷи коронавирус дар мактабҳо мегӯянд

Дар мактабҳои ИМА, Олмон ва Исроил авҷи бемории COVID — 19 ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад BBC.

Аз ҷумла чунин ахбор аз Олмон расидааст. Ду ҳафта мешавад, ки аксари макотиби Олмон ба таҳсил оғоз кардаанд ва ҳукумати ин кишвар аллакай аз авҷи беморӣ адр 41 дабистони Берлин хабар медиҳад.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки синну соли толибилмони беморшуда гуногун буда, миёни маризон ҳам синфҳои поёнӣ ва ҳам болоӣ дучор мешаванд. Нашриёт қайд мекунад, ки садҳо омӯзгор ва талаба ба карантин фиристода шудаанд.

Ҳукуматҳои ИМА ва Исроил низ аз авҷи бемории коронавируси навъи COVID — 19 дар мактабҳо хабар медиҳанд.

Дар Фаронса, ки соли нави хониш пас аз як ҳафта оғоз мешавад, барои синфҳои 11 пӯшидани ниқоб ҳатмӣ гуфта мешавад.

То имрӯз дар саросари ҷаҳон 23,6 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 15,3 миллион кас аз ин беморӣ шифо ёфт ва 813 ҳазор кас қурбони ин вабои аср гашт.

Қавонини ҷадид дар макотиби Тоҷикистон: аз тартибот дар синфхонаҳо то ошхонаву ҳоҷатхона

Дар Тоҷикистон соли нави хониш аз 1 сентябр оғоз мегардад, вале дарс дар дабистонҳои кишвар аз 17 август шурӯъ шуд.

Бар пояи хабари Вазорати маорифи Тоҷикистон, хонандагон то 1 сентябр барномаи баҳориро аз худ мекунанд.

 

 

Замоне, ки модари кӯдак дар ошхона буд, ӯ ба назди тиреза омада аз ошёнаи даҳум ба замин сарозер шуд

Духтарчаи дусолаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург аз ошёнаи 10-ум сарозер шуд, хабар медиҳад нашриёти «Невские новости«.

Фоҷиа дар маҳаллаи Авиаконструкторов нисфирӯзии 24 август, ба вуқӯъ пайвастааст.

Духтарча ҳамроҳи модараш дар хона будааст.

Замоне, ки модари кӯдак дар ошхона будаст, ӯ ба назди тиреза омада аз ошёнаи даҳум ба замин сарозер шудааст.

Гуфта мешавад, ки мошини ёрии таъҷилӣ сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шудааст, вале кӯдакро наҷот дода натавонистаанд.

Манбаъ афзуда, ки ҷасади кӯдакро барои муайян кардани сабабҳои ин рухдод ба морг равон кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд.

Он замон, духтари 13-солаи тоҷик, аз ошёнаи 6-ум сарозер шуд, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурд.

 

Котиби суд оид бо парвандахои чиноятии

суди шахри Турсунзода: