Тачлили Рўзи Президент – рамзи садоќат ба Ватан, миллат ва Сарвараш

Нимаи дуюми имруз Раиси суди шахри Турсунзода Ализода Д. бахшида ба чашни пуршукух — Рўзи Президент мачлиси навбати гузаронида, вобаста ба ин суханрони намуд ва кули мардуми Точикистонро бо Рўзи Президент табрик намуд.

Суханронии Раиси суди шахри Турсунзода Ализода Д.

Мусаллам аст, ки таърихи навини давлатдории точиконро бе захмату талош, хизматхои арзандаву шоиста ва олии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон тассавур кардан ѓайриимкон мебошад. Софдилона иќрор бояд шуд, ки ба зимма гирифтани масъулият чихати давлатдориву давлатсози бе заминахои муайяни устувори молиявию модди, иќтисодиёти фалачгашта  дар он рўзхо сахлу осон набуд.

Агар хизматхои Пешвои муаззами миллатро дар ин самт овардани бошем ваќт имкон намедихад, чунки ин хизматхо бешуморанд. Махз ба ин марди оќилу фарзона муяссар гардид, ки бо дарки баланди хувияти милли тамоми хастиву вучуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад ва кишварро аз вартаи халокат берун оварда ба як сарзамини бихиштосо табдил дихад.

Барои хизматхои барчаставу арзандаи таърихиаш чихати таъмини сулху вахдати милли, хомўш кардани оташи чанги шахрванди ва рафъи хатари парокандашавиии миллат  ба ин абармарди миллат  маќоми  Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат  лоиќ дониста шуда, ки он аз тариќи ќонун танзими хуќуќи пайдо кардааст.

Имрўз мо шохиди онем, ки аз баракати Истиќлолияти давлати ва дар натичаи хизматхои содиќона, чонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иќдому ташаббусхои неки Пешвои миллат мардуми точик дар рохи  расидан ба хадафхои стратегии Хукумат –истиќлолияти энергетики, таъмини амнияти озуќавори, рахои бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсиони ва саноатикунонии босуръати кишвар давра ба давра ќадамхои устувор гузошта истодааст.

Тачлил намудани Рўзи Президенти Чумхурии Точикистон дар саросари кишвар рамзи садоќату вафодори ба Президент, Ватани махбуб, миллати точик, омили мухими иттиход, сарчамъи ва ягонагии  мардуми ин сарзамин ба хисоб меравад.

Таърихи башарият гувох аст, ки мухтарам Эмомали Рахмон хамчун Президенти Чумхурии Точикистон киштии умеди ормонхои мардуми точикро ба сохили мурод расонад.

Пас, хар яки мо бояд бо дарки масъулияти баланди шахрванди, ифтихори ватандори, хисси баланди милли атрофи сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон,  мухтарам Эмомали Рахмон муттахид шуда, хамчун рамзи садоќат ба Президент ва Точикистони азиз барои наслхои оянда ва ободию пешрафт содиќонаву софдилона хизмат намоем.

Бо камоли эхтирому сарфарози тачлили Рўзи Президенти Чумхурии Точикистонро ба хамватанони азиз муборакбод гуфта, ба Точикистони махбубамон пешрафту рушди хамачонибаро таманно менамоем.

 

АЛИЗОДА Д.,

раиси суди шахри Турсунзода.