МАНФИАТҲОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТИРО ҲИФЗ КУНЕМ

Ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 Пешвои муаззами миллат мисли Паёмҳои қаблӣ сиёсати дохиливу хориҷии давлатамонро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамзамон Сарвари давлатамон назди мардуми кишвар вазифагузориҳо намуданд. Дар ин қатор мо — кормандони суд низ ҳидоят гардидем, ки назди вазифаю масъулияти бар дӯш доштаи худ ҳамчун як шаҳрванди давлати соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд ҷавобгӯ бошем. “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зурур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳқиму такмил дода шавад”- таъкид намуданд Президенти кишвар.
Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳукуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи аъзои ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро танзим намояд. Бо назардошти ин маъно Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бояд дар самти бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Қаблан ҳам муҳтарам Пешвои миллат таъкид намуда буданд, ки раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ идома бахшем.
Роҳи пешгирифтаи мо бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад ва ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидаву тағйирнопазир аст. Аз ин лиҳоз, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем. Вале тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуданд, озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд.
Бо таъкиди ин гуфтаҳо, Сарвари давлатамон изҳори умедворӣ намуданд, ҳар яки мо бояд дар раванди фаъолият ва ҳаёти рӯзмарра ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлатро қарзи виҷдониву имонии худ донем.

 

Манучеҳр Назарзода,
судяи суди шаҳри Турсунзода