БАЁНГАРИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СИЁСӢ

Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳонӣ Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Чун дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон даргириҳои таҳмилӣ ба вуқуъ пайваст, кишвари ҷангзада аз Парчами собиқи худ истифода мебурд. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 дар Ичлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парҷами миллии Тоҷикистон қабул гардид.
Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 метр аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллиро ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ дониста, таъкид менамоянд, ки: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Парчам баробари дигар муқаддасоти миллӣ, аз қабили Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати ягона шаҳодат медиҳад.
Соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон (дар ҳамон шабу рӯз), ки баландии сутунпояаш 165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

 

Раҳимҷон Вализода,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода