КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯз бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва мардуми тоҷик худро бо ифтихор ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд. Бо воситаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия аввалин маротиба дар Осиёи Миёна дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Рисолати таърихии Конститутсияи нави Тоҷикистон ин фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани оқибати кашмакашҳои дохилӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқи харобгашта, таъмини фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли соли 1993 оид ба моҳияти Конститутсия чунин гуфтанд: «Мо давлати ҳақиқии демократӣ месозем. Демократияи мо эҳтироми ҳар фарду тамоми мардум, эҳтироми қонуну қонунгузорӣ, фароҳам овардани заминаи фаъолияти ҳар як шахсро барои ҳаёти ором дар назар дорад. Мо давлати ҳуқуқбунёд месозем. Мо лофи ҳуқуқро зада, қонунро пеши по намекунем. Ҳеҷ чиз барои давлатдории мо аз эҳтироми қонун баландтар намешавад. Сарзамини мо давлатдории дунявиро пеша кардааст. Мо ҳама расму русумро эҳтиром ва иҷро мекунем, рӯза медорем, намоз мехонем, агар ин ба ақидаамон, тарзи зиндагиамон мувофиқ бошад, аммо касеро ба зарби чӯб ба биҳишт ҳидоят намекунем».
Аз рӯи адолат бояд имрӯз эътироф намоем, ки таҳия ва қабули Конститутсия ба марҳилаи ҳассос ва такдирсози таърихи мамлакат рост омад. Дар минтақаҳои алоҳидаи кишвармон амалиётҳои ҷангӣ идома доштанд. Бо вуҷуди ин, кор дар самти таҳияи матни Конститутсияи давлати мустақили тоҷикон идома дошт ва иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат нақши муҳим бозид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия нуктаҳои асосии Конститутсияи нав ба монанди идоракунии президентӣ, таъсиси парлумони касбӣ, ташкили мақомоти далатию идораи маҳаллӣ, ҳамчунин бо райъпурсии умумихалқӣ қабул намудаки он аз ҷониби Сарвари давлат баён гардида, минбаъд аксари онҳо ба асоси он гузошта шуданд.
Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони ҷаҳонӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифт. Созмони Амният ва Ҳамкории аврупо бошад, Конститутсияи давлати моро ба қатори 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои ба ин ташкилот дохилшаванда ҷой дод.
Конститутсия бо хусусиятҳои олии ҳуқуқии худ, вобаста ба дигаргуниҳои низоми ҳокимият, моҳият ва ҳадафҳои таърихии худ метавонад такмил ёбад. Аз ин рӯ ба Конститутсияи нави Тоҷикистон вобаста бо ҳадафҳои рушди муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат, се маротиба солҳои 1999, 2003 ва 2016 як қатор тағйироту иловаҳо дохил гардид.
Дар Конститутсияи кишварамон зикр шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Маҳз ба шарофати Конститутсия пояҳои давлати навини тоҷикон устувор гардида, дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ таҳти роҳнамоии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азим амалӣ мегарданд.
Мо итминони комил дорем, ки дар солҳои минбаъда низ Конститутсия ҳамчун шоҳсутун ва қонуни асосии давлат дар кори ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сиёсии худро хоҳад бозид.

 

Далер Ализода,
раиси суди шаҳри Турсунзода