МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Дониш ва ақлу заковат сарчашмаи хушбахтӣ, некномӣ ва шукуфоии ҳар як нафар, оила ва тамоми мардум мебошад. Дар қатори дигар донишҳо, дониши ҳуқуқӣ ё маърифати ҳуқуқӣ яке аз нақшҳои калидиро дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд мебозад.

Дар ин радиф боиси тазаккур аст, ки ҳар як халқу миллат вобаста ба сохти давлатдориаш ба хотири ҳифзи ҳуқуқ ва рушду нумӯи кишвар қонуну қоидаҳои худро дорост, ки он дар Конститутсия дарҷ гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарини дунё шинохта шудааст, аз 10 бобу 100 модда иборат буда, тамоми ҷабҳаҳои қонун ва қоидаҳои ҳаёту фаъолияти инсониро дар бар мегирад. Ҳар нафаре, ки рафтору кирдораш ва фаъолияташ аз чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда берун намебарояд, зиндагии хушбахтона ба сар бурда, аз тамоми мушкилот эмин мемонад. Чуноне, ки маълум аст, надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод наменамояд. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳар яки мо бояд аз масъулияти хеш огоҳ бошем.

Масьулиятшиносӣ оғоз мешавад аз ҳар як оила. Волидон бояд дар мадди аввал худашон қонунҳоро хуб донанд ва ба фарзандонашон ҳамеша таъкид намоянд, ки ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва ояндаи худро зоеъ насозанд. Дар масъалаи ҳуқуқҳои волидон ва фарзандон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумоти мукаммал дарёфт кардан мумкин аст.

Дигар ин ки ҳангоми гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ ҳар яки мо бояд аз Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» огоҳӣ дошта бошем ва онро риоя намоем. Дар акси ҳол бо додани ҷарима ба буҷаи оилавии хеш метавонем хисороти бештаре ворид намоем. Ҳамаи қонунҳои амалкунанда танҳо ба манфиати шаҳрвандон мебошад, то ин ки зиндагии тинҷу осуда допгга бошанду як умре аз паи додани қарзҳо, ки аз бесаводӣ бар сари онҳо бор шудааст, озод бошанд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки зиндагӣ бе пастиву баландӣ, бе шикасту ноомад ва ғаму дард намешавад ва ҳар нафаре, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ, ё дониши ҳуқуқӣ дорад, ин мушкилотро ба осонӣ метавонад паси сар намояд. Ва агар не, пас дар ҳолати каме мушкилот метавонад ба қонуншиканӣ роҳ диҳад ва якумри худаш ва аҳли оилаи худро бадбахт намуда ба номи некаш доғ биорад. Қонунҳо раҳнамои зиндагии зебо ва осоиштаи ҳар як нафар мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки бисёриҳо аз надонистани қонун на танҳо дар кӯчаву бозор, ё ҷойҳои ҷамъиятӣ, балки тавассути сомонаҳои интернетӣ худро ба гирдоби бало мезананд. Тавассути сомонаҳо шаъну шарафи дигаронро паст мезананд ва ҳатто аз нигошта ва ё сабтҳои видеоии иғвогаронаи гуруҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат ҷонибдорӣ намуда, билохира ба маҳкум шудан аз озодӣ, ё дигар ҷазоҳо мубтало мегарданд.

Тавре, ки дар моддаи 42-и Конститутсия омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳгиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.

Аз ин ҷо ба хулоса омадан мумкин аст, ки хушбахтиву сарбаландии ҳар як инсон дар дасти худи ӯ мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати такмил ва рушди соҳоти ҳуқуқ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Яке аз натиҷаҳои боризи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар он аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ якчанд идораҳои нави мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шуда, инчунин дар доираи сохторҳои дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дигаргуниҳои куллӣ ворид гардида, воҳидҳои нави корӣ ташкил карда шуд. Махсусан ба низоми судии Тоҷикистон бештар диққат дода мешавад.

Ҳар яки мо медонем, ки дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузории муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон.

Барои пиёда намудани ин ҳадафҳои олӣ ҳар яки моро мебояд, ки масъулияти баланди миллӣ ва инсонӣ допгга бошем. Маҳз ба хотири зиндагии шоистаи мардум ва мақсадҳои олии инсонӣ зарурат пеш омад, ки Асосгузори сулҳу ваҳцати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон соли 2024- ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон допгганд, ки боз як ғамхории Роҳбари давлат ба халқу миллат мебошад.

Аз ин лиҳоз боиси тазаккур аст, ки барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа дар баробари чораҳои зикргардида зарур аст, ки мо кормандони муассиса ва идораҳои дахлдор бевосита миёни мардум ҳарчӣ бештар корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда бо ин роҳ худ ва ҷомеаро аз бӯҳрони маънавию ҳуқуқӣ раҳоӣ созем.

Ализода Далер,
Раиси суди шаҳри Турсунзода