Хабарҳо

Ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 Пешвои муаззами миллат мисли Паёмҳои қаблӣ сиёсати дохиливу хориҷии давлатамонро мавриди таҳлил қарор дода, ҳамзамон Сарвари давлатамон назди мардуми кишвар вазифагузориҳо намуданд. Дар ин қатор мо — кормандони суд низ ҳидоят гардидем, ки назди вазифаю масъулияти бар дӯш
29 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони дастгоҳҳои Суди Олӣ, судҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод дар мавзӯи истифодабарии сомонаҳои судҳо омӯзиши интерактивӣ баргузор гардид. Дар тренинг мутахассисони соҳа ба ширкаткунандагон тарзи омода ва ворид намудани маълумот ба сомонаҳоро омӯзониданд.
Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳонӣ Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Чун дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон даргириҳои таҳмилӣ ба вуқуъ пайваст, кишвари ҷангзада аз Парчами собиқи худ истифода мебурд. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 дар Ичлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парҷами миллии Тоҷикистон қабул гардид.
Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навтарини кишвар саҳфаи заррин аст. Ин иҷлосия дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, раҳоии миллат аз коми фано, эъмори комили Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, муайянсозии ҳадафҳо ва самтҳои стратегии рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистон ва ноил шудан ба дастовардҳои имрӯза
Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷнкистон» муайян карда шуд ва он ҳар сол дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохуриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона […]
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯз бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва мардуми тоҷик худро бо ифтихор ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд. Бо воситаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия аввалин маротиба дар Осиёи Миёна дар таҷрибаи
Бо шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар 29 сол муқаддам соҳиби Конститутсияи худ гардид. Чунин ҳуҷҷати муҳим барои ҳар як халқу давлат ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат Конститутсияи Тоҷикистонро чунин
Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии давлат шинохта шуда, ҷузъи муҳим ва калидӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар мебошад. Он ҳамчун заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, дар низоми санадҳои меъёрии хуқуқӣ ҷои аз ҳама баландро соҳиб аст ва эътибори олии ҳуқуқиро
  Баъд аз салтанати Куруши Кабир тоҷикон то ба даврони Шӯравӣ Конститутсияи худро надоштанд. Дар замони ҳукмронии коммунистҳо, ҳарчанд Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соҳиби Конститутсия буд, лекин ҳангоми қабули ин санади асосии давлатдорм раъйи халқ ба эътибор гирифта намешуд. Конститутсия дар он давраҳо дар съездҳои ҳизби коммунистӣ, ки яккаҳукмрон буд ё
Ҳар як ҷиноят, ҳар як кирдори хилофи одобу тартибот, ҳар як падидаи номатлуб омилеро дорост, ки дар натиҷаи беэътиноӣ, нодида гирифтан, “баъдтар мебинемаш” гуфтанҳо сар мезанад. Мисол, кирдори шахсе мавриди баррасиву таҳлил дар суди шаҳри Турсунзода қарор гирифт, ки яке аз омилҳои содир шуданаш дар сатҳи паст қарор доштани корҳои ташвиқу тарғиботӣ бобати пешгирӣ ва […]