ДАРКИ КОНСТИТУТСИЯ НАХУСТИН ҚАДАМ БА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ АСТ

Қариб 30 сол қабл бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати мо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 1993 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин гуфтори бо хирадмандӣ пешгӯинамудаи Роҳбари давлат пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми таркибии сарқонун ҷо гирифт.

Конститутсия барои рушди босуръати кишварҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Масалан, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули Конститутсияи Амрико (соли 1787) ва Фаронса (соли 1791) гардидааст, ки онҳо таърихи тӯлонӣ доранд. Амали муддати дарози сарқонунҳои ин мамлакатҳо, ба талаботи ҷомеаву давлат то ҳол мувофиқ ва боэътимод буданашон дарак медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ташаккулёбии худро дорад. Дар ҳайати Итгафоқи Шӯравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд. Вале Тоҷикистони тозаистиқлол ба қабули конститутсияи ҷавобгӯ ба давраи муосир ва муътамаду таъминкунандаи адолат ниёз допгг

Мавриди зикр аст, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд, ки ин санаи таърихӣ ба 6-уми ноябри соли 1994 дуруст меояд. Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон, ҳамасола 6-ноябр ҳамчун «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишварамонро аз роҳи ҳақиқату ростӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун кунад.

Қабули Конститутсия муҳимтарин дастоварди халқу давлати тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеа дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. Маҳз аз ин лиҳоз қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба шумор меравад.

Дар зери татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, дар ин замина ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардопгга шудааст.

Дар даврони Истиқлолияти кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.

Баъд аз эълони Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, кодексҳо ва қонунҳои умумию соҳавӣ қабул гардиданд, аз ҷумла Кодексҳои ҷиноятӣ, маданӣ, гумрук, андоз ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, танзими анъана ва дар бораи ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ.

Бо сабаби қабули Конститутсия ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани он Тоҷикистонро зиёда аз 150 давлати дунё ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд пазируфтаанд. Аз ин лиҳоз мамлакати мо бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ допгга, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ аст.

Бояд тазаккур дод, ки 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани Конститутсияи кишвар нигаронида шудааст. Ва ин имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои Истиқлолият ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ саҳми бориз гузорад.

Конститутсияи амалкунанда бо хизматҳои барои халқ иҷронамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзую армони ҳазорсолаи миллати моро дар тӯли 30 сол ба амал овард. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардопггани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро чун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол зарур мебояд Конститутсияи кишвару миллатро, ки сарчашмаи та- моми қонунҳост риоя намоем ва онро пос дорем. Зеро танҳо бо ин роҳ метавонем маърифати ҳуқуқии худро дар назди давлату ҷомеа ошкор кунем ва барои ҷаҳониён намуна бошем.

 

Ализода Далер,
Раиси суди шаҳри Турсунзода