ОМИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ВА РУШДИ БЕМАЙЛОН

Бо шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар 29 сол муқаддам соҳиби Конститутсияи худ гардид. Чунин ҳуҷҷати муҳим барои ҳар як халқу давлат ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.
Пешвои муаззами миллат Конститутсияи Тоҷикистонро чунин арзёбӣ карданд: «Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад». Дарвоқеъ, Конститутсияи Тоҷикистон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии халқро нисбат ба ояндаи миллату давлат ифода намуда, ба рушди бонизоми давлат ва зиндагии осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт.
Ин санади муҳим ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ, рамзҳои давлатиро муайян ва забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон дошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ муаррифӣ намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки бо қабули Конститутсия ва таъмини иҷрои меъёрҳои он дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ пойдор гардида, халқи Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ободиву созандагиро пеша намуд.
Конститутсияи Тоҷикистон инъикосгари орзуву омоли халқи кишвар буда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва таҳкиму баландгардонии сатҳи некӯаҳволии мардум, зиндагии шоиста дар фазои осуда, суботи комили сиёсӣ ва ҳамдилӣ равона гардидааст. Аз ин лиҳоз, риояи ҳатмии талаботи Конститутсия ва қонунҳову санадҳои меъёрию ҳуқуқии аз он сарчашмагиранда вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат аст. Чунки волоияти қонун ва эҳтиром ба Конститутсия омили асосии зиндагии шоиста мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф гардида, бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиеро дорост, ки дигар қонунҳо надоранд. Конститутсия дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ва пойдор гардидану камолоти давлатдорӣ аҳамияти калоне дошта, ба монанди конститутсияҳои мамлакатҳои демократии ҷаҳон барои мустаҳкам кардани демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани мамлакатамон ёрӣ мерасонад.

 

Давлатмурод Зуҳурзода,
судяи суди шаҳри Турсунзода