МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Боиси тазаккур аст, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки ин воқеаи нодиру фараҳбахш дар таърихи миллати тоҷик маҳсуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо бозид.
Дар ин натиҷа ва ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ карда истодааст. Комёбиҳо дар ин давра дар мақомоти судӣ, ки баҳри таъмини адолати судӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ҳамеша дар кӯшиш аст, назаррасанд.
Пешвои муаззами миллат ҳангоми яке аз мулоқоташон бо кормандони мақомоти судии кишвар таъкид бар он карданд, ки маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ пешбинӣ менамояд.
Инчунин таъкид карданд, ки: “Имрӯз талаби давру замон аст, ки маърифати баланди аҳлоқӣ ва дараҷаи касбиву зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муошират, адлу инсоф, беғаразӣ, адолатнокиву поквиҷдонӣ бояд меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти ҳар як судя бошад”.
Мусаллам аст, ки вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.
Фаромӯш набояд сохт, ки мақому манзалати қонун дар давлатҳои демократии ҳуқуқбунёд хеле муҳим буда, риояву эҳтироми он шарти асосии таъминкунандаи рушду инкишофи ҷомеа ба шумор меравад, зеро таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ба хотири танзими ҳуқуқиву ба низомдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоту сохторҳои дахлдор амалӣ карда мешавад.
Мақомоти судӣ бошад, дар ин амали барои ҷомеа муҳим нақши бориз дорад.

Манучеҳр НАЗАРЗОДА,
судяи Суди шаҳри Турсунзода