КОНСТИТУТСИЯ САРЧАШМАИ КУЛЛИ ҚОНУНҲОСТ

 

Баъд аз салтанати Куруши Кабир тоҷикон то ба даврони Шӯравӣ Конститутсияи худро надоштанд. Дар замони ҳукмронии коммунистҳо, ҳарчанд Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соҳиби Конститутсия буд, лекин ҳангоми қабули ин санади асосии давлатдорм раъйи халқ ба эътибор гирифта намешуд. Конститутсия дар он давраҳо дар съездҳои ҳизби коммунистӣ, ки яккаҳукмрон буд ё иҷлосияҳои Шӯрои Олии ИҶШС қабул мегардиданд.
Ва хушбахтона 29 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд ва ба таври мутантан ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябр ба яке аз идҳои асосии миллии мо табдил ёфт. Шурӯъ аз ин санаи хотирмон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад ва аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф гардидааст.
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахпнопазирӣ ва якпорчагии мамлакат, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуда, заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва мувофиқ ба санадҳои байналмилалиро фароҳам овардааст ва ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодашон таъмин менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».
Дар ҳақиқат, ин гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодаи воқеияти оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба ин санади сарнавиштсоз то имрӯз се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳар яке ба мукаммалшавии ин санади муҳим мусоидат кард.
Воқеан, имрӯз мо шоҳидем, ки ба кулли ҷаҳониён исбот гардидааст он ки ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардондааст.


Акбаралӣ Сафарзода,

муовини раиси суди шаҳри Турсунзода