КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ МИЛЛИСТ

Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии давлат шинохта шуда, ҷузъи муҳим ва калидӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар мебошад. Он ҳамчун заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, дар низоми санадҳои меъёрии хуқуқӣ ҷои аз ҳама баландро соҳиб аст ва эътибори олии ҳуқуқиро дорад.
Чуноне дар тафсири илмию оммавии он оварда мешавад, Конститутсия нахустин Қонуни асосии давлати Тоҷикистон аст, ки дар он таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи қонунӣ ёфтааст.
Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣзаминаиташкилу фаъолияти муътадили ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ шуд. Метавон гуфт, ки он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз хазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид.
Идоматан, имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ маҳсуб ёфта, мавҷудият ва амали он муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.
Чунончӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти милллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудудии давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонуни худро пайдо намуданд.
Чун яке аз нишонаҳои асосии хама гуна давлату давлатдорӣ сохибихтиёрӣ, яъне истиқлолияти он мебошад, Конститутсияи мо ҳамчун қонуни асосии кишвар воқеияти истиқлолияти миллиро сабт намуда, аз ин роҳ рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин мекунад. Дар натиҷа, давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёд намудани давлати соҳибистиқлолро бар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, хукуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафили озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад.
Тавре бо тафсир ёдрас мегардад, халқи тоҷик таърихан ба адолату адолатпарварӣ, доду додрасӣ, додвариву инсоф содиқ мебошад. Аз ин рӯ, халқ дар Конститутсия бунёди ҷомеаи адолатпешаро ба сифати яке аз вазифаҳои муқаддаси худ эълон намудааст. Татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳое, ки тибқи он қабул шудаанд, фаъолияти одилонаи давлат, мақомоти он ва шахсони мансабдор, ки меъёрҳои қонуни олии кишвар маҳаки муайянкунандаи амали онҳо мебошад, ҳамчунин таъмини беғаразонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд метавонанд расидани моро ба ҷомеаи комили демократӣ ва ҳуқуқбунёд рӯз ба рӯз наздик намоянд.

 

Манучеҳр Назарзода,
судяи суди шаҳри Турсунзода