Зан ва авбошӣ?…

Тасаввур кунед, «Н» 43 сол дораду соҳиби 4 фарзанд. Дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Турсунзода умр ба сар мебарад. Ба фикри шумо, оё чунин зан, ки бояд бо муҷаррадиаш ба номус ояду фарзандони солеҳро тарбият кунад, метавониста бошад, ки даст ба авбошӣ занад? О авбоширо-ку маъмулан ба ҷавонписарон мансуб медонанд (албатта на ба ҳамаашон). Вале ин зан бо 4 фарзанд дар ҷое кор намекунаду боз дар назди духтари худаш даст ба авбошӣ задааст…
Суди шаҳри Турсунзода парвандаи ин занро ба қавле “аз элак гузаронид”. Муайян гашт, ки номбурда ҳамроҳи духтараш дар яке аз шомҳои зимистони соли 2022 савори мусофирбаре мешаванд ва дар кӯчаи ба номи М. Турсунзодаи шаҳр ба ронандаи мусофирбар баҳсу муноқиша намуда, номбурдаро мавриди лату кӯб қарор доданд, ки бо ин кирдорашон ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намуда, тартиботи ҷамъиятиро дар роҳи автомобилгарди кӯчаи дар боло зикршуда тахминан муддати 5-8 дақиқа дағалона вайрон намудаанд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси суди-тиббӣ дар бадани ронанда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба мисли хуномосҳо ҳамчун ҷароҳатҳое, ки бо расонидани зарар ба саломатӣ ҳамбастагӣ надоранд, муайян гардидааст.
Хуллас, суд ҳаракатҳои бонуи судшавандаро бо моддаи 237 қисми 2, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрванд алоқаманд буда, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакиро пешбинӣ менамояд, банду баст кард. Дар натиҷа ӯро бо ҳамин модда гунаҳкор дониста, бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 140 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 8960 сомонӣ бафоидаи давлат таъйин кард.
Акнун боз ба намои дигари ин ҳодиса амиқтар назар меафканем. Инҷо мо ҷузъиёти муҷаррад мондани занро бо 4 фарзандаш оварданӣ нестем, чунки онро мавридаш нест. Чизи дигар бояд аҳпи ҷомеаро ба ташвиш андозад. Чунин модарон оё фарзанди солеҳро тарбият карда метавониста бошанд? Охир ин 4 фарзанд бояд дар отия соҳиби маълумоту касбе шаванд, токи тавонанд барои оилаи худ ва билохира бо ин ба ҷомеа нафъашон бирасад. Сониян, масъулини ин маҳалла, фаъолон, маъмурини сохторҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқ чаро чорае наандешидаанд, ки ин зан соҳиби коре шавад?
Дар ҳар сурат мо аминем, ки ин зан аз кирдораш пушаймон мешаваду хулосаи заруриро барои худ ва фарзандонаш мебарорад, лек ҷомеа бояд бетараф набошад.

 

А. Муқимӣ,
судяи суди шаҳри Турсунзода