ЗАЪФИ ОИЛА ЗАЪФИ ҶОМЕА АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати оилаҳои ҷавон ва солимии оила баён намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад.

Бале, оилаи муваффақ ба маърифат, ҷаҳонбинӣ, дониш, ақлу заковати навхонадорон вобастагии қавӣ дорад. Агар аз рӯзҳои нахустини оиладоршавӣ дар байни зану шавҳар самимият, меҳру муҳаббат, эҳтирому эътиқод, муомилаи хушу рафторҳои оқилона вуҷуд дошта бошад, ба насли навине, ки дар ин оила ба дунё меояд, таъсири мусбӣ мерасонад, зеро фарзандон дар оила аз муносибатҳои волидайн бархурд менамоянду барои худ сабақ мегиранд.

Мутаассифона, аз таҷрибаи судӣ бармеояд, ки ҷудошавии оилаҳо тамоюли афзуншавиро касб кардааст, ки нигаронкунанда буда, ҳар фарди ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Ва ҷанбаи дигари манфии муаммои мазкур ба ҷониби заъф табдил ёфтани занҳо дар ҳолати ҷудошавии оилаҳо маҳсуб меёбад.

Албатта, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», Барномаҳои давлатии «Пешгирии зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Ва ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ татбиқи худро дарёфтаанд. Вале, ба ҳар ҳол, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Дар баробари дастовардҳои назаррас, дар ҷомеаи мо ҳануз баъзе мушкилоту масъалаҳое низ ба назар мерасанд, ки мо бояд онҳоро бо кӯшиши якҷоя ҳаллу фасл намоем.

Алалхусус, афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон солҳои охир боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гардидааст.

Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисон сабаби асосии сар задани низоъҳо байни зану шавҳар дар оилаҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилона омода набудани духтарон ва ҷавонон мебошад”.

Воқеан, масъалаи ҷудошавии оилаҳо баробар ба дигар падоиди номатлуб бояд пеш аз ҳама дар доираи раисони маҳалла, ҷамоат, шӯроҳои гуногуни он, фаъолони маҳал, собиқадорон ва дар як вақт бузургсолони оила, ки эътибори сухани онҳо дар ҷомеа баланд аст, ҳаллу фасл шавад. Ин ашхос ҳамарӯза бояд дар маҳалҳо корбариро ба роҳ монанд, ба зану шавҳаре, ки ҷудошавиро ихтиёр кардаанд, муқаддас будани оиларо дуруст фаҳмонанд.

Асоси бекоршавии асосан ду мақомот: мақомоти судӣ, ки қариб шаш моҳ ва мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ,ки барои ҷудо нашудани оилаҳо 1 моҳ муҳлат медиҳад, ба уҳда доранд. Муҳлати муайянкардаи ин ду мақомот асосан барои хубтар фикр кардану аз ҷудошавӣ даст кашидани оилаҳост. Шоҳид мешавем, ки имрӯз фаъолияти ҳам мақомоти судӣ, ҳам мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳвандӣ бо бахшу сохторҳои худ ҷоннок гаштааст ва бештари муроҷиаткунандагон ба мувофиқа оварда шуда, аз ҷудошавӣ даст мекашанд.

Ҷудошавии оилаҳо, қабл аз ҳама, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат аз омода набудани ҷуфти ҷавон ба ҳаёти оилавӣ сарчашма мегирад. Ин албатта, аз каммаърифатии ҷавонон мебошад. Агар зан ва ё марди хонадон соҳиби ақлу тамиз, донишу маърифат ва хислатҳои хуби инсонӣ бошад, оила ба ҷудошавӣ намерасад.

Сабаби дигари вайроншавии оилаҳои ҷавон дар бармаҳал оиладор шудани ҷавонон мебошад. Ҷавонони имрӯз аз оддитарин душвориҳои зиндагӣ рӯҳафтода мешаванд, сабру таҳаммулашон ба бардошти пастию баландиҳои ҳаёт намерасад, ҳарчанд ки тамоми шароити зиндагӣ барояшон муҳайёст. Инчунин камсаводии ҷавонон бахусус духтарон баъди оиладоршавӣ ба таври возеҳ аён мегардад.

Рост наомадани хулқу атвори ҳамсарон ба якдигар, дахолати бевоситаи волидон ва хешовандони наздики ҳамсарон ба оилаҳои онҳо ва вазъи номусоиди шароити зиндагонии онҳо, дар муҳоҷират қарор доштани яке аз ҳамсарон ва солҳои тӯлонӣ беэътиборӣ кардан нисбат ба оилаи худ, хиёнати ҳамсарон ва ба хушунат дучоршавии аъзои оила аз сабабҳои дигари падидоии ин муаммо маҳсуб меёбанд.

Аз ин рӯ, тавре ки қайд кардем, ҷудошавии оилаҳоро ҳамчун масъалаи назарногир эътироф накунем, чунки заъфи оила, заъфи ҷомеа аст.

 

Раҳимҷон ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода