ВАҲДАТОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани пешниҳоди навбатии Тоҷикистон, ки аз сиёсати хирадмандона ва ташаббускории Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, инчунин, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо боз як нишонаи баръалои қудрати вахдатофарини мардуми тоҷик мебошад.

Маҳз қудрати вахдатофаринии Тоҷикистону тоҷикистониён таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баъд аз қариб 50 сол боз гирди ҳам омад ва бо иттифоқи ташаббуси ҷониби моро дастгирӣ кард. Бо дигар сухан ин дастгирӣ ҳамон иттиҳоду ягонагӣ, ваҳдату ҳамдилии кулли ҷаҳониён дар ҳалли масоили мубрами глобалии рӯз маҳсуб меёбад.

Оре, қариб 50 сол инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонист, ки сари масоили пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар иттифоқу ҳамдилӣ ба қароре ё тамиме ояд. Бори аввал масоили мазкур ҳанӯз соли 1977 дар Конфронси оби СММ (Аргентина) дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда буд. Ва инак, бори дуввум дар сатҳи ҷаҳонӣ соли ҷорӣ аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ – шаҳри Ню-Йорк Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бо ҳамраисӣ Конфронси СММ-ро оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028”- ро баргузор карданд.

Албатта, бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат, ки ташаббускори қатъномаҳои сатҳи байналхалқӣ ҳастанд, Тоҷикистон ҳамаи икдомҳои созандаи худро бомуваффақият ба анҷом мерасонад, чунки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар сатҳи дохиливу ҳам дар миқёси олам барои беҳтар гардидани зиндагии инсоният, ширин гардидани ҳаёт ва баробар истифода намудани неъматҳои табиат равона гардидааст.

Конфронси болозикр яке аз чорабиниҳои муҳими таърихӣ мебошад ва ин бори дигар ғамхории миллати тоҷикро нисбат ба насли башар исбот намуд. Конфронси мазкур аз чанд ҷиҳат фарқкунанда буда, дар он намояндагони зиёда аз 170 давлат ва ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд. Муҳтарам Пешвои миллат зимни мусоҳибаи хеш ба хабарнигори телевизиони СММ иброз намуданд, ки “…Конфронси мазкур таърихӣ аст, зеро он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум — баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст. Мо, мизбонони Конфронс дар ин ҷода талошҳои зиёд кардем ва умед дорем, ки он аз рӯи натиҷаҳои самарабахши худ таърихӣ хоҳад гардид”.

Воқеан, дидани ин ҳама ва шоҳиди ин ҳаводиси таърихӣ будан боиси ифтихору сарбаландӣ барои ҳар як тоҷикистонист, чунки Тоҷикистон бо ташаббусҳои неки Сарвари худ таҳкимсозандаи ваҳдати насли башар ҷиҳати ҳалли масоили мубрами ҳаётӣ аст.

Ҳар яки мо хабар дорем, ки то имрӯз панҷ ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ хуш пазируфта шудааст ва ин барномаҳою ташаббусҳо насли башарро боз ҳам муттаҳидтар мегардонанд.

Фахр боз аз он мекунем, ки Пешвои миллати тоҷикон дар миқёси олам имрӯз ҳамчун Асосгузори дипломатияи об ва башардӯсти беназир шинохта шудаанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли дипломатии масоили мубрами глобалӣ роҳнамоӣ месозанд.

 

Далер АЛИЗОДА,
раиси суди шаҳри Турсунзода