ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ТАВЪАМАНД

Мусаллам аст, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ воситаҳои муҳимтарини ҳифзи асолат ва бақои таърихии миллату давлатанд. Бо роҳнамоии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот зиндагии нав оғоз намудаву пайи эҳёи Ватан саъю талошҳои бемисл доранд ва ин вахдату иттиҳоди мардуми Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро таҳқим мебахшад.

Барои мардуми кишвар муяссар гардид, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат давлатамонро рӯз то рӯз устувор гардонанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта созанд. Ҳоло Тоҷикистон аз ҷониби қариб 200 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, аз соли 1992 узви СММ аст ва муносиботи мустаҳками дипломатӣ, инчунин намояндагиҳо дар назди созмонҳои байналмилалӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра бо шарофати Вахдату Истиқлолият на танҳо асосҳои давлатдории миллии худро ташаккул додаву мустаҳкам намуд, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфуз ва эътибори зиёдеро соҳиб шуд. Ифтихормандем, ки ташаббусҳои Сарвари давлат аз ҷониби мамолики ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об, пешниҳод оид ба истифодаи оби кӯли Сарез барои давлатҳои поёноби минтақа, наҷоти баҳри Арал, ҳифзи пиряхҳо, амнияти минтақавӣ ба мисли таъмини ҳаёти осуда дар давлати Афғонистон ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақа, иштироки фаъол дар ҳама созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ аз иқдому пешниҳодоти пуразиши Роҳбари давлати мо буданд. Чунин вазъ шаҳодати он мебошад, ки имрӯз давлати Тоҷикистон яке аз давлатҳои аз нигоҳи сиёсӣ хеле фаъоли минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.

Маҳз Вахдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ кишвари моро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳибэътибор ва мардуми онро ба зиндагии осудаю ободонии Ватан ҳидоят намудааанд. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастовардҳои нодир ва таърихии халқамон вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар ин маврид Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд, ки: «Дар марҳилаи кунунӣ ҳамаи мову шумо — фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд хуб дарк намоем, ки эъмори Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҳадафҳои тақдирсози халқу давлати мутамаддинро бар дӯш дорем… Дар воқеъ, устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.»

Пешвои миллат инчунин ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 изҳор намуданд, ки: “…Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.

Пас мо бояд Вахдати миллӣ ва мафҳуми ҳамарзиши он — Истиқлолияту давлатдории мустақилонаро муқаддас дониста, ба қадрашон бирасем, онҳоро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, чунки ҳар яки мо ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш ҳастем.

 

Далер ИСМАТЗОДА,
судяи суди шаҳри Турсунзода