ОРЗУИ ФОИДА ОМИЛИ ХИСОРОТИ БЕШТАР ГАРДИД

Маъмулан содир кардани қоидавайронкунӣ ва ҷиноятҳоро бо сабаби сатҳи пасти донишҳои дунявию ҳуқуқӣ ба шахсони маълумоти касбӣ ё олӣ нагирифта мансуб медонанд. Вале таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ба чунин кирдорҳо ба нияти ба даст овардани фоидаи бештар баъзе аз ашхоси соҳиби маълумоти олӣ буда низ даст мезананд.

Барои мисол Ҷ.О.А., ки 27-сола асту оиладор ва соҳиби як фарзанд. Маълумоташ олии иқтисодӣ буда, ба соҳибкорӣ машғул аст.

Суд ҳангоми баррасии парвандаи номбурда муайян сохт, ки ӯ дар асоси патент дар деҳаи С. Раҷабови Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯроквориро кушода, машғули тиҷорат буд. Албатта, кори фоиданок ҳам ба хонаводаашу ҳам ба ҷомеа. Вале бар хилофи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва талаботҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба фурӯши маҳсулоти хӯрокаи муҳлати истеъмолашон гузашта машғул шуд. Дар таърихи 10 ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати санитарӣ аз мағозаи номбурда маҳсулоти гуногуни хӯрокаро, ки муҳлати истифодабариашон гузашта, ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ нест, ба маблағи 389, 5 сомонӣ дарёфт карданд.

Ин далел мувофиқи ташхиси Маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳри Турсунзода аз 12 ноябри соли 2021 ва ташхиси санитарӣ-микробиологӣ аз 16 ноябри соли 2021, тасдиқи худро ёфтааст. Маҳсулотҳои хӯрокворӣ тибқи банди 1 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”, маҳсулотҳои хатарнок ҳисобида шуда, ба муомилот ва фурӯш баровардан манъ аст.

Ҳамчунин,Ҷ.О.А. бо мақсади ба даст овардани фоида бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ки мувофиқи он фурӯхтани мол баъди гузаштани муҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле, ки бояд ба он муҳлати хизмат ё коршоями муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардидааст манъ аст, амал намуда, ба фурӯши маҳсулотҳои хӯрокаи пастсифат, муҳлати истифодаашон гузашта ва хосияти истеъмоли надошта, машғул шуда ба фиреби истеъмолкунандагон ба миқдори калон даст задааст.

Ҳарчанд судшаванда ба гуноҳаш иқрор шуда бошад ҳам, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур бо нишондодҳои додаи худи ӯ, протоколҳои азназаргузаронии ҷои ҳодиса, протоколи азназаргузаронии далелҳои шайъӣ, ташхисҳои санитарӣ-микробиологӣ, хулосаи Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт”, қарор дар бораи далели шайъӣ, санад дар бораи аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории хатарнок ва бо дигар маводҳои дар қабати парванда мавҷудбуда тасдиқи пурраи худро ёфт.

Асосҳои дар боло овардашударо ба инобат гирифта, суд Ҷ.О.А.-ро бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 32 қисми 3, 294 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63 ва дар асоси моддаи 67 қисми 2-и ҳамин кодекс бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 210 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробар ба 12600 сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ таъин кард.

Тавре мебинед нақшаи ба даст овардани фоидаи бештар ба ҳадаф нарасид, баръакс, боиси хисороти бештар гардид, ки ин барои хонандагон бояд дарс бошад.

 

Далер АЛИЗОДА,
раиси суди шаҳри Турсунзода