ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ БОШЕМ

Имрӯзҳо бо кору пайкори созандаи мардуми кишвар ва талоши соҳибкасбу соҳибилм гаштани чавонони ватанпарасту меҳандӯсти мо ҷараёни сохтори ҷомеаи демократӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ бомаром ва мутобиқи матлаб идома дорад.
Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар натиҷаи фаъолияти пурсамари халқи кишвар ва бахусус чунин талошҳои ҷавонмардонаи насли чавон рӯз аз рӯз инкишоф ёфтаву нумӯъ мекунад.
Беҳуда ҳам нест, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо ҷойгоҳи саҳми ҷавонон ва ташаббускориҳои онҳоро дар шукуфоиву ободии Ватан қайд намудаанд: «Мо бо чавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Ҳоло, ки мардуми Тоҷикистон тараддуди истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатиро доранд, ҷавонон – насли даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи сиёсии худро дар эҳёи давлати демократӣ, ҳукуқбунёду дунявӣ мебинанд. Бо дарки он, ки рушду пешрафти минбаъдаи кишвар аз ҳифзу пойдории соҳибистиқлолии давлат вобастагии зиҷ дорад, дар мадди аввал ҷавонон мекӯшанд, ки ин неъмати бебаҳои худро нигаҳ доранд. Ин тасмими онҳо аз сабақи рӯзгори начандон дури миллат бармеояд.
Шаҳрвандон дар хотир доранд, ки дар солҳои аввали вазнин ва душвори соҳибистиқлолии Тоҷикистон қувваҳое ба миён омаданд, ки халқи тоҷикро парешон, кишварамонро пароканда кардан мехостанд. Қувваҳои аҳриманӣ ба дӯши тоҷикон ҷанги бемаънии бародаркушро таҳмил карданд. Ҷанги дохилии бародаркушӣ фазои Ватани азизамонро тира намуда, ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба шаҳодат расонд, харобкориҳои зиёде овард. Вале халқи тоҷик бо ору номус ва ҳисси ватандорӣ барои ҳифзи Ватан, якпорчагии он бар зидди хоинони миллат, ки ниятҳои бад доштанд, мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз ва дар атрофи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузоштанд, барои бунёдкориву созандагӣ ва ободонии Ватани азизи худ камар бастанд.
Хушбахтона, имрӯз дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат торафт устувору қавӣ гардида, эҳтирому якдигарфаҳмии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, сулҳу субот ва низом дар зиндагии ҳаррӯзаи мардуми кишвар ба мушоҳида мерасанд. Ҷавонон низ нерӯи созандагии хешро дар бунёди чунин давлат сафарбар менамоянд.
Бо вуҷуди ин, Сарвари дурандешамон ҳамеша мардуми кишварро ва бахусус ҷавононро ҳушдор месозанд, ки аз фитнаангезону дасисабозон, ки душманони миллатанд, дурӣ ҷӯянд. Пешвои миллат дар яке аз муроҷиат ба мардуми кишвар бо як дилпуриву эътимод изҳор намуданд, ки «… хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад».
Дар ҷавоб ба ин эътимоду умедвории Пешвои муаззами миллат моро лозим меояд, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари азизамон ҳамеша омода бошем. Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, аз густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад.

 

Далер Ализода,
раиси суди шаҳри Турсунзода