ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО ДАР ПАРТАВИ КОНСТИТУТСИЯ

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим қабули санади ҳуқуқӣ буд, ки бояд роҳи ояндаи давлату миллатро муайян мекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ изҳор карданд, ки: «Моро зарур аст, санадҳои ҳуқуқии худро таҳия ва қабул намуда, онҳоро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем ва ба ин васила, барои бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи ҳуқуқӣ гузорем».

Дар натиҷа, идеяи қабул намудани Конститутсия аз Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд сарчашма гирифт ва 6 ноябри соли 1994 бо ҷонибдории зиёда аз 87 фоизи интихобкунандагон бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон ба тариқи раъйпурсӣ Конститутсия қабул карда шуд. Хусусияти муҳими Конститутсияи қабулгардида ин буд, ки он волоияти қонунро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард.

Ҷиҳати фарқкунандаи Конститутсияи Тоҷикистон дар он аст, ки беш аз сеяки моддаҳои он ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ бахшида шудаанд.

Мувофиқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ин рӯ, баррасии таъйин кардани чораҳои дорои хусусияти тарбиявӣ дошта нисбат ба ноболиғ, таъйин кардани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбат ба шахс, ба ҳабс гирифтан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтани шахсро иҷозат додан ва ё муҳлати онро дароз кардан, санадҳои қабулкардаи судҳои марҳалаи поёниро бекор кардан ва ё тағйир додан, иҷозат додан оид ба гузаронидани экпертизаи судӣ-тиббӣ ё судӣ-равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизшкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он, барои кофтукоб, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ, барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигохдории бонк ва ташклотҳои кредитӣ қарор доранд, ба ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа, ба гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо ва дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда қарор қабул мекунад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути мақомоти судӣ кафолат додааст. Ба ибораи дигар, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ вазифаи муқаддаси ҳокимияти судӣ маҳсуб меёбад.

 

Раҳимҷон Вализода,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода