АМАЛИГАРДОНИИ АДОЛАТИ СУДӢ МАРОМИ МОСТ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 октябр – Рӯзи кормандони мақомоти судӣ эълон карда шудааст.

Суд дар низоми мақомоти давлатӣ мақоми мустақил дорад, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқати талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд. Суд мувозинати шохаҳои давлатдориро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин карда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимияти худро сӯйистифода намояд.

Танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазои ҷиноӣ таъйин намояд. Судя шахси мансабдоре мебошад, ки барои ба амал баровардани адолати суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва интихоб шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки: “Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.

Аз ин рӯ, баҳри иҷрои ин таъкиди хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳар як судя бояд баҳри арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ва боз ҳам беҳтару хубтар намудани фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша саъю кӯшиш намояд.

Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 июли соли 2014, таҳти №1084 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати адолатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳокимияти судӣ мавқеи боз ҳам баландро сазовор гардида, кормандони мақомоти судӣ дар таҳкими истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.

Дар ин радиф кормандони суди шаҳри Турсунзода ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар самти ободию шукуфоии шаҳри Турсунзода низ сайъу талоши пурсамар намуда истодаанд.

Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятнок мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ кардани ин рисолат ба судяҳо сиҳатмандии комил, рӯҳу неруи қавӣ, умри бардавом орзу дорем.

 

Далер Ализода,
раиси суди шаҳри Турсунзода