ВОСИТАИ ЯГОНАИ ПАРДОХТ СОМОНӢ АСТ

                                                                                                                                                     Аз толори суд

Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” мавриди амал қарор дораду он муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезиденттҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд. Тибқи талаботи Қонуни мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи ягонаи пардохт пули миллии сомонӣ мебошад.
Вале боз пайдо мешаванд шаҳрвандоне, ки дидаву дониста талаботи ин санади ҳуқуқиро вайрон мекунанд.
Мисол, шаҳрванд Т.О.М, санаи таваллудаш 21 июли соли 1987, зодаи шаҳри Турсунзода, милаташ узбек, таҳсилоташ миёна, мудири яке аз марказҳои бузурги савдои шаҳри Турсунзода, оиладор, соҳиби 3 фарзанди ноболиғ, дидаю дониста бо муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ — доллари ИМА машғул шудааст.
У автомашинаи шахсии худро бо тамғаи “Опел-Зефира” ба фурӯш бароварда, ба харидори шартӣ Х.А.Х. санаи 7 сентябри соли 2022, ба маблағи 6600 доллари ИМА нархгузорӣ намуда, маблағи мазкурро мегирад ва дар ҳамин лаҳза, дар натиҷаи гузаронидани амалиёт аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода дастгир мешавад.
Дар натиҷа ба ӯ бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуд. Дар маҷлиси суд судшаванда Т.О.М. бо айби ба ӯ эълоншуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобид.
Суд инчунин муайян кард, ки ӯ тахминан моҳи июли соли 2022 автомашинаи мазкурро ба маблағи 70000 сомонӣ харидорӣ кардаасту қарздор шуда, онро тариқи дар сомонаи интернетии “Somon TJ” ба фурӯш баровардааст.
Гуноҳи судшаванда Т.О.М. дар содир намудани ҷиноятҳои номбурда боз бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, аз қабили гузоришҳои ёрдамчӣ ва муовини прокурори шаҳри Турсунзода, аризаи Х.А.Х., протоколи азназаргузаронии купюраҳои пулӣ ва супоридани онҳо, протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса бо суратлавҳа, санад, протоколи азназаргузаронии автомашина бо суратлавҳа ва дигар маводҳои дар парванда ҷамъовардашуда, ки дар маҷлиси суд ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида шуда, тасдиқи пурраи худро ёфтанд.
Дар чунин ҳолат суд ба хулоса омада, ки кирдори судшаванда Т.О.М.-ро бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи фурӯш, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад маоши ҳадди ақал зиёд бошад пешбинӣ менамояд, банду баст намуданашро мувофиқи мақсад шуморид.
Ҳамин тариқ ба ӯ бо моддаи мазкур ва бо дастрасии моддаи 63-и ҳамин Кодекс ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 12800 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.
Тавре мебинед ҳар як қонуншикани ҷавобгариро паёмад дорад. Ҳарчанд маҳкумшуда аз кардааш пушаймон шуда бошад ҳам, лек ин пушаймонӣ ғайр аз зарар дигар суде надорад.

Раҳимҷон ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода