ХУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
ХУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Мутобиќи моддаи 17 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон хуќуќвайронкунии маъмурї кирдори (амал ё беамалии) зиддињуќуќї ва гунањкоронаи шахси воќеї, мансабдор ё њуќуќї мебошад, ки содир намудани он тибќи кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї боиси љавобгарии маъмурї мегардад. Њуќуќвайронкунии маъмурї ќасдан ё аз беэњтиётї содир карда мешавад. Беамалї дар он сурат њуќуќвайронкунии маъмурї дониста мешавад, ки дар ќонун ё дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ўњдадории шахс дар хусуси бо амалњои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оќибатњо пешбинї шуда бошад. Шахс барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ба шарте гунањкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддињуќуќии вай гумроњона содир шуда бошад ва ў сар задани ин гумроњиро пешбинї карда натавониста бошад. Шахси њуќуќї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ба шарте ба љавобгарии маъмурї кашида мешавад, ки барои риояи меъёру ќоидањое, ки тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї барояшон љавобгарии маъмурї пешбинї гардидааст, имконият доштанаш муќаррар шуда бошад, вале ў барои риояи онњо на њамаи чорањоро андешидааст. Ба шахси њуќуќї таъйин кардани љазои маъмурї шахси воќеии гунањгорро ба сабаби њуќуќвайронкунии мазкур аз љавобгарии маъмурї озод намекунад ва њамзамон ба љавобгарии маъмурї ва ё љиноятї кашида шудани шахси воќеї шахси њуќуќиро аз љавобгарии маъмурї ба сабаби ин њуќуќвайронкунї озод намекунад.
Объекти умуми њуќуќвайронкунии маъмуриро муносибатњои љамъиятии дар соњаи идоракунии давлатї ки бо меъёрњои маъмурї ва меъёрњои дигар соњањои њуќуќ танзим мешаванд, ташкил медињад. Инчунин ба сифати объекти њуќуќвайронкунии маъмури, шахсият њуќуќ ва озодињои шањрванд, тартиботи љамъиятї ва давлатї, моликият бехатирии љамъиятї, ва тартиботи идоракунї дохил мебошад.
Тарафи объективї њуќуќвайронкунии маъмуриро кирдори њуќуќвайронкунанда дар шакли амал ё беамалї, ки ба вайронкунии меъёрњои њуќуќи равона шудааст ташкил медињад.
Субъекти њуќуќвайронкунии маъмурї шахсони воќеї, шахсони мансабдор ва шахсони њуќуќї шуда метавонанд. Ба љавобгарии маъмурї шахси воќеие кашида мешавад, ки њангоми содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї синни ў ба шонздањ расида бошад. Судя, маќомоти ваколатдори давлатї (шахси мансабдор) метавонанд њолатњои мушаххаси дар парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї буда ва маълумоти марбут ба ноболиѓро, ки њуќуќвайронкунии маъмуриро дар синни аз шонздањ то њаждањ содир кардааст, ба назар гирифта, он шахсро аз љавобгарии маъмурї озод намоянд. Баъди аз љониби судя, маќомоти ваколатдори давлатї ё шахси мансабдори ваколатдор ќабул гардидани ќарори аз љавобгарии маъмурї озод кардани ноболиѓ парванда дар њаќќи ў барои татбиќ намудани чорањои таъсиррасонї ба Комиссияи кор бо ноболиѓон фиристода мешавад.
Шахси мансабдор дар сурати содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ба сабаби иљро накардан ва ё номатлуб иљро кардани ўњдадорињои хизматиаш ба љавобгарии маъмурї кашида мешавад. Њангоми мављуд набудани ин њолатњо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї гунањгор аст, тибќи асосњои умумї ба љавобгарї кашида мешавад. Тањти мафњуми шахсони мансабдор мувофиќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї шахсоне фањмида мешаванд, ки ба таври доимї, муваќќатї ё дар асоси ваколатњои махсус вазифањои намояндаи њокимияти давлатиро анљом медињанд, инчунин шахсоне фањмида мешаванд, ки дар маќомоти давлатї ва худидоракунии мањаллї, дар Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон, дигар ќўшунњо ва сохторњои њарбии Љумњурии Тољикистон ваколатњои ташкилию амрдињї ва маъмурию хољагиро иљро менамоянд. Шахси њуќуќї барои њуќуќвайронкунии маъмурї танњо дар њолатњое, ки бевосита дар моддањои дахлдори ќисми махсуси Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї пешбинї гардидаанд, ба љавобгарии маъмурї кашида мешавад.
Тарафи субъективии њуќуќвайронкунии маъмуриро гуноњ дар шакли ќасдан ё аз беэњтиёти содир кардан ташкил медињад. Мувофиќи моддањои 18 ва 19 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї, агар шахси њуќуќвайронкунии маъмуриро содиркарда хусусияти зидди њуќуќї доштани кирдори (амал ё беамалии) худро донад, оќибати зарарноки онро пешбинї карда, чунин оќибатро хоњад ё дидаю дониста ба содиршавии он роњ дода бошад, њуќуќвайронкунии маъмурї ќасдан содиршуда эътироф мегардад.
Хуршед ШАРИФЗОДА,
судяи суди шахри Турсунзода.
Суди шаҳри Турсунзода 




