ФАЗОИ МАҶОЗӢ ВА ХАТАРИ ШОМИЛШАВӢ

 

Ҷумхурии Тоҷикистон хамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷахонӣ  аз рўзхои аввали давлатдории хеш зидди хама гуна зухуроти номатлуб экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, дар самти мубориза бар зидди ҷиноятхое, ки ҷомеаи ҷахониро ба тахлука андохтааст, мубориза бурда натиҷахои назаррасро ноил гаштааст.

Асосогузори сулху Ваздати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “Яке аз омилхои торафт густариш пайдо кардани зухуроти тероризм ва ифротгароӣ  васеъ истифода гардидани технологияхои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрўзхо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруххои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояхои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва рохбарӣ  кардани онхо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.
Дар ин миён нақши Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба хизбу харакатхои террористиву ифроти назаррастар аст. Чунки, созмон, гурух ва хизбу харакатхои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда дар дах соли охир дар Интернет (сомонахо, блокхо, шабакахои иҷтимоӣ ва мессенҷерњо) дар пешбурди фаъолиятњои террористию экстремистии хеш ба “муваффақиятњои чашмрас”-е ноил гаштаанд. Тибқи тањлилу гузоришњо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурўњњои террористию экстремистї  дар он зоњир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияњои њаррўзаи манбаъњои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медињанд ва истифодабарандагони шабакањои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз синни 14 то 20-сола, махсусан хонандагони макотибњои тањсилоти умумиву олї  ташкил медињанд.
Самти фаъолияти таблиғотии террористону экстремистон бошад, дар навбати худ навъњои дигари заминањои фаъолияти террористї , аз ҷумла, одамкирокунї  , тањрик ба анҷоми амалиётњои террористиву экстремистї  ва радикализатсияро низ ба бор меорад.
Маблағгузорї : Иттињодияњои террористї  метавонанд Интернетро барои маблағгузории амалиётњои террористии худ истифода намоянд. Террористон тавассути Интернет бо роњи муроҷиатњои мустақим, барои анҷоми корњои иделогї , тиҷоратї  электронї , ба воситаи иттињодияњои хайриявї  ва ғайра маблағ ба даст меоранд.
Омодасозии террористон: Дақиқан дар дањсолаи охир Интернет њамчун базаи фаъол барои тайёр кардани террористону экстремистон мавриди истифода қарор мегирад. Яъне, созмонњои террористї  дар сомонаи худ ба воситаи адабиёти электронии таълимї , аудио-видео роликњо ва клипњо, паёмњои маълумотї  ва тавсиявї  террористону экстремистонро омода менамоянд. Маводи мазкур, ки дар бораи чї  гуна ба созмон ва ё гурўњњои террористиву экстремистї  ворид шудан, омода сохтану истифодаи лавозимоти таркандаи ҷангї  ва яроқњои оташфишону дигар намуди аслиња ва маводи хатарноки тарканда, чи гуна ба нақша гирифтану анҷом додани амалиётњои террористиву экстремистї  ва ғайра буда, бо чандин забон тарҷума мешаванд, ки дастрасиашон дар Интернет   сањлу        осон   аст.
Инчунин, банақшагирии амалиёти террористиву иҷроиши онњо ва њуҷумњои интернетї  ё компютерї  низ тавассути интернет роњандозї  мегарданд.

Вақте террористону экстремистон фаъолияти хешро дар шабакаи ҷањонии интернет озодона ба роњ монда, бо ин роњ муваффақиятњояшон ба таври динамикї  боло рафт, падидаи нави террористиву экстремистї  бо номи кибертеррроризм ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа ҷомеаи ҷањониро хатари фаро гирифтани дањшат (қатлу куштор, таҷовузу ифрот, бетартибиву бенизомї , тарсу вањм, тахрибу вайронкорї  ва ғайра) ва аз байн рафтани давлату кишварњои миллї , демокративу федеоативї  ва ғайра       тањдид      кард.
Аз ин рў, давлатњои абарқудрате назири Чин, Русия, Фаронса, Англия ва ғайра ба танзим даровардану назорати шабакањои ҷањонии интернет шурўъ намуда, сомонаву сањифањои террористиву ифротиро дар қаламрави давлаташон мањдуд кардан гирифтанд.

Мақомоти салоњиятноки ҶумњурииТоҷикистон низ дар рафти муборизаи иттилоотї  амалиётњои махсуси иттилоотиро амалї  менамоянд. Амалиёти махсуси иттилоотї , ё ин ки амалиёт дар рафти муборизаи иттилоотї  — ин маҷмўи чорабинињои махсуси иттилоотие њастанд, ки аз ҷониби гурўњи таъминоти тањлилї  ва иттилоотии субъектњои мақомоти салоњиятнок дар чањорчўбаи маъракаи иттилоотї  гузаронида мешавад. Мо бояд њамеша кўшиши онро дошта бошем, ки њар зарраи хок ва њар қатраи обро чун гавњараки чашм эњтиёт намоем, хушёрию зиркиро аз даст надода, ба њамлањои иттилоотї  дар фазои маҷозї  муқовимат карда, арзишњои Истиқлолият ва Вањдати миллиро њифз намеом.

Њамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумњурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурўњњои террористию экстремистї  ҷазоњои ҷиноятї  дар шакли мањрум сохтан аз озодї  муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коњиш намеёбад.

Аз ин рў, мубориза бар зидди ҷинояткорї  ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти њифзи њуқуқ ва шањрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафї  нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддї  ворид намуда, ба вањдати миллї , истиқлолияти давлатї  ва бехатарии кишвар тањдид менамояд.

Манучехр Назарзода,

Муовини Раиси суди шахри Турсунзода.                                                        манба хафтаномаи                                                                                                                                                                  «Диёри Турсунзода»