ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА НИЗОМИ ҲИФЗИ АМНИЯТ ДАР АСРИ ТАҲДИДҲОИ РАҚАМӢ

Дар асри рақамикунонӣ амният ба яке аз масъалаҳои меҳварии рушди давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Паҳншавии босуръати технологияҳои иттилоотӣ, шабакаҳои глобалӣ ва низомҳои рақамӣ, дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав, заминаи зуҳури таҳдидҳои сифатан дигаргуншударо низ ба вуҷуд оварданд. Киберҷиноят, ҳамлаҳои иттилоотӣ, ихроҷи додаҳо, истифодаи ғайриқонунии зеҳни сунъӣ ва осебпазирии инфрасохторҳои рақамӣ имрўз ба амнияти иттилоотӣ, суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсир мерасонанд.

Дар чунин шароит, ташаккули низоми муассири ҳифзи амният бидуни истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ғайриимкон аст. Давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳандозии механизмҳои нави муҳофизат, аз ҷумла системаҳои мониторинги рақамӣ, платформаҳои таҳлили додаҳои бузург (big data), зеҳни сунъӣ, блокчейн ва системаҳои пешакӣ огоҳдиҳӣ рў овардаанд. Ин абзорҳо имкон медиҳанд, ки таҳдидҳо сари вақт ошкор, арзёбӣ ва пешгирӣ гарданд.

Роҳи дигари мубориза бо таҳдидҳои муосир ин истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Зеҳни сунъӣ AI метавонад барои муайян кардани намунаҳо дар маълумот истифода шавад, ки метавонад хатар ё таҳдидро нишон диҳад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ (AI) инчунин метавонанд барои пешгўии рафтори ояндаи шахсони алоҳида, гурўҳҳо ва ҳатто тамоми миллатҳо истифода шаванд. Ин қобилияти пешгўӣ метавонад барои огоҳ кардани мақомот аз таҳдидҳои дарпешистода истифода шавад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки чораҳои пешгирикунанда андешанд.

Раванди ҷаҳонишавии муосир ва бадалшавии идеологияҳо як қатор таҳдидҳои муосиреро пешорўи инсоният гузоштааст, ки ба амнияти сокинони сайёра хатари ҷиддӣ доранд. Феълан зери мафҳуми таҳдидҳои муосир зуҳуроти номатлуб – терроризму экстремизм дарк мешавад, ки ҳамакнун намову шакли дигар касб намуда, торафт хатару пайомадҳои вазнинтар мегузоранд.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Омилҳои торафт тавсеа ёфтани фаъолияти созмонҳои террористӣ ва шомилшавии сокинон ба ин гурўҳҳо кам нест. Маъмулан паст будани сатҳи маърифат, дониши ҳуқуқӣ, сиёсӣ, камбизоатӣ аз сабабҳои асосии ифротишавии одамон унвон мешавад.

Дар шароити кунунӣ бо рушди технологияҳои муосир ва дастрас гардидани интернет ҳамакнун ҷалби одамон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ тариқи фазои маҷозӣ сурат мегирад. Ҷонибдорони ақидаҳои ифротӣ ҷиҳати расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки хеш аз интернет васеъ истифода мебаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, зикр доштанд, ки имрўзҳо гурўҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Новобаста аз он ки афзалиятҳои интернет зиёд аст, хатар ва таҳдидҳои ин фазо низ барои истифодабарандагон кам нест. Бахусус, дар шароити феълӣ, ки ин платформаи онлайнӣ бо мақсадҳои ғаразнок ба таври васеъ истифода мешавад, истифодаи он фарҳанг ва маърифати баландро тақозо мекунад.

Равшан аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, пеш аз ҳама, усули мағзшўӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин роҳ бештар онҳое таҳти хатар қарор мегиранд, ки мавқеи устувор ва тафаккури баланд надоранд.

Дар ҷомеаи муосир мафҳумҳое чун “зиракии сиёсӣ”, тафаккури интиқодӣ” ва “саводи расонавӣ” маъмул гардидаанд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир воситаи муфид маҳсуб меёбанд.

Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Дар ҷомеаи кунунӣ, ки инсоният дар зери таъсири манфии иттилооти ғаразнок ва хатарнок қарор дорад, зарурияти назорат ва идораи дурусти иттилоот бештар аз ҳама эҳсос мешавад. Барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва робитавӣ амалӣ мегарданд, таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ ҳамчун як тадбири асосӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ин ташаббус имконият медиҳад, ки иттилооти ғайриқонуниву хатарнок дарзамон ва фавран мушоҳида ва боздошта шавад, ки ин ба таври назаррас амнияти миллии давлатро таъмин хоҳад кард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба ин мавзуъ бороҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки барои мубориза бо ҷиноятҳои муосир ва таҳдидҳои нав зарур аст, ки ҳам тадбирҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ, ҳам тарғиби фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ва саводнокии расонавӣ ба роҳ монда шаванд.

Татбиқи ин ҳадафҳо ва ташаббусҳои муосир имконият медиҳад, ки ҷомеа аз хатарҳои фазои маҷозӣ ҳифз шавад ва ҳамзамон заминаи мусоиде барои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат фароҳам оварда шавад.

Раҳимҷон Вализода,

муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода.                                      манба хафтаномаи

                                                                                                                                        «Диёри Турсунзода«