Вохўрии муовини якуми Раиси суди шахри Турсунзода Вализода Р. бо кормандон, фаъолони ва сокинони Чамоати дехоти Сешанбеи шахри Турсунзода

Тибќи наќшаи чорабинихои суди шахри Турсунзода, санаи 16 октябри соли 2019 муовини якуми Раиси суди шахри Турсунзода Вализода Р. дар бинои Чамоати дехоти Сешанбеи шахри Турсунзода, бо кормандон, фаъолон ва сокинони Чамоати дехоти мазкур вохўри баргузор намуд.

Зимни вохўри Вализода Р. ба иштирокчиёни он мазмун ва вазифахои аз Паёми Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеомада, пешгирии содиршавии чиноятхо, алалхусус чиноятхои хусусияти террористи ва экстремистидошта, баланд бардоштани фарханг ва дониши хуќуќии шахрвандон, накши хокимияти суди дар чомеъа, максад ва вазифахои Ќонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзиму анъана ва чашну маросим дар Чумхурии Точикистон», Ќонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар Ќонунхои амалкунанда, пешгирии шомилшавии шахрвандон, хусусан чавонон ба гуруххои ифротгарои, мубориза ва пешгирии чиноятхои марбут ба муомилоти ѓайриќонунии воситањои нашъадор, санадхои меъёри-хуќуќи вобаста ба вайрон кардани ќоидахои харакати рох, аз чумла дар холати масти идора намудани автомашина, пешгирии хариду фурўши одамон, пешгирии омилхои коррупсиони ва ѓайрахо баромад намуда, ба саволхои иштирокчиёни вохўри чавобхои мушаххас дод.

Вализода Р. аз иштирокчиёни мулоќот хохиш намуд, ки онхо ба таќдири Ватану миллат, тарбияи фарзандон, ичрои бечунучарои Ќонун ва дигар санадхои меъёри-хуќуќии амалкунанда бетараф набуда, барои ободии давлати азизамон Чумхурии Точикистон хиссагузор бошанд. Бо фарзандоне, ки дар мухочирати мехнати дар давлатхои хоричи кишвар ќарор доранд, мунтазам дар тамос буда, онхоро назорат намоянд, то ки онхо зери таъсири гурух ва шахсони террористию экстеримисти наафтанд.

 

 

Котиби мачлиси суд

Чобирзода М.Ч.