ВАЗЪИ СИЁСӢ ВА ҲУҚУҚИИ АСОСГУ3ОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи талаботи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр (КҶТ аз 14 майи соли 2016 №1320) муқаррар шудааст ва ин рӯзи фархунда ҳамасола дар саросари кишвар ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Санаи 14 ноябри соли 2016 таҳти рақами 1356 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Ин қонун вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон. муқаррар мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихи миллат мебошанд, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо сохтанд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, эътироф карда мешаванд.
Нисбат ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.
Таърих барои ҳар халқу миллат чеҳраҳоеро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва рушди миллатро ба дӯш дошта бошад. Барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти шариф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин нуқта таҷассум ёфтааст, ки тавонист роҳбари наҷотбахшро ба халқи Тоҷикистон эҳдо намояд.
Маҳз ба шарофати истиқлолият ва файзи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Тоҷикистон имрӯз дар шумораи кишварҳои дигар мавқею манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор мегардонад.

Далер АЛИЗОДА,
Раиси суди шаҳри Турсунзода