Тағйирёбии Нишондиҳанда Барои Ҳисобҳо

Ба маълумоти муроҷиаткунандагон мерасонем, ки тибқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020» аз 26 ноябри соли 2019, №1650, аз 1 январи соли 2020 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Чобирзода М.Ч.