Т А Ъ И Н О Т Оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

Т А  Ъ  И  Н О  Т

Оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

01 октябри соли 2019                                                                                                   шахри Турсунзода

 

Муовини якуми Раиси суди шањри Турсунзода Вализода Р. маводҳои парвандаи оилавӣ бо даъвои Њотамов Муйдин Салимљонович бо љавобгарии Хатамова Шоира Буриевна оиди бекор кардани аќди никоњро дида баромада,-

Муайян кард:

        Њотамов Муйдин Салимљонович ба суд бо даъво нисбати Хатамова Шоира Буриевна оиди бекор кардани аќди никоњ муроҷиат намуда, хоњиш кардааст, ки аќди никоњи ў ва љавобгар, ки дар Бахши САЊШ-и шањри Турсунзода 14 июли соли 2009 тањти №212 ба ќайд гирифта шудааст, бе додани муњлати оштишавї бекор карда шавад.

Њангоми омодасозии парванда ба муњокимаи судї муайян карда шуд, ки њоло љавобгар Хатамова Шоира Буриевна дар Федератсияи Россия қарор дошта, ҷои аниқи зисташ номаълум мебошад. Њолати мазкурро маълумотномаи шуъбаи манзилию комуналї ва хољагидории №5-и шаҳри Турсунзода ва санади тартиб дода шуда тасдиќ мекунанд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 121 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳали воқеии истиқоматии ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳали ҷои охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷои кори охирини ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Суд бо назардошти холатҳои боло мувофиқи мақсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар Хатамова Шоира Буриевна оид ба ошкоро  супоридани хабарнома ва ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот қабул намояд.

Бо дастрасии моддаи 121 Кодекси мурофиавии гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистон судя,-

Таъин  кард:

         Ба ҷавобгар Хатамова Шоира Буриевна супоридани даъватномаи судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Њотамов М.С. бо љавобгарии Хатамова Ш.Б. оиди бекор кардани аќди никоњ ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шаҳодатномаи никоҳ, нусхаи шиноснома ва шањодатномаи таваллуд дар ҳаҷми чор саҳифа.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Хатамова Шоира Буриевна ошкоро супоридашуда эътироф гардад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Хатамова Шоира Буриевна, парвандаи оилавӣ бо даъвои Њотамов Муйдин Салимљонович бо љавобгарии Хатамова Шоира Буриевна оиди бекор кардани аќди никоњ тибқи тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад.

Баррасии парвандаи оилавӣ ба соати 10:00 дақиқаи рӯзи 04 ноябри соли 2019 дар бинои суди шаҳри Турсунзода таъин карда шавад.

 

 

Муовини якуми Раиси

суди шахри Турсунзода                                                                                                                Вализода Р.