Т А Ъ И Н О Т оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

Т А Ъ И Н О Т

 

04-уми октябри  соли 2019                                                                                    ш. Турсунзода

 

Раиси суди шањри Турсунзода Ализода Д., оиди ошкоро супоридани аризаи даъвогии Мањмудов Љурабек Хакимович (Мансуров Бањром Хакимович) бо љавобгарии Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна оиди бекор кардани аќди никоњ бе додани мўњлати оштишавиро, омўхта судя-,

М У А Й Я Н    К А Р Д:

          Даъвогар  Мањмудов Љурабек Хакимович (Мансуров Бањром Хакимович) бо љавобгарии Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна оиди бекор кардани аќди никоњ бе додани мўњлати оштишавї ба суд бо аризаи даъвогии зикршуда мурољиат намуда, аризаи даъвогиашро бо он асоснок намудааст, ки  ў бо љавобгар моњи августи соли 2007-ум оила барпо намуда, аќди никоњашонро дар Љамоати дењоти собиќ Ѓарав њозира Регари шањри Турсунзода тањти № 99 аз 28-уми августи соли 2007 ба расмият даровардаанд.

Аз зиндагии якљояашон онњо соњиби ду фарзанд  Љурабек Шомансур 18-уми августи соли 2009 санаи таваллудаш ва Махмудзода Кумуш Љурабек 20-уми январи соли 2012 санаи таваллудаш гардиданд.

Сабаби бо чунин аризаи даъвогї ба суд мурољиат карданаш дар он мебошад, ки аз рўзњои аввали зиндагиашон муносибаташон бо њамдигар хуб набуда, рўз то рўз муносибатњояшон бо якдигар вайрон гардидааст. Љавобгар бо њар бањонањо бо ў  љанљол карда, ўро њамчун шавњар њурмату иззат намекардааст ва зуд – зуд ба хонаи падару модараш мерафтааст.

Моњи июни соли 2007-ум љавобгар «Ман бо ту зиндагонї намекунам» гуфта аз хона баромада рафтааст. Аз моњи июни соли 2017-ум то инљониб зиёда аз 2 сол мешавад, ки онњо аз якдигар људо зиндагонї дошта, фарзандонашон дар таъминоти вай ќарор доранд. Байни онњо бањс мављуд нест.

Дар асоси гуфтањои боло, аз суд хоњиш намудааст, ки аќди никоњи байни ў ва љавобгар, ки дар Љамоати дењоти собиќ Ѓарав њозира Регари шањри Турсунзода 28-уми августи соли 2007 тањти №99 ба ќайд гирифта шудааст, бе додани мўњлати оштишавї  бекор карда шавад.

Мувофиќи талаботи 238 ќисми 1-и КМГ Љумњурии Тољикистон ба љавобгар Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна хабарномаи судї оиди иштирок намудан дар баррасии парвандаи мазкур ба сифати љавобгар ва аризаи даъвогии номбурда бо њуљљатњои бо он замимагашта фиристода шуда, ба Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна таклиф карда шуда буд, норозигињо ва далелњои муќобили даъво шоњидон, аризаи муќобил пешнињод намояд, аммо њангоми расонидани хабарномаи судї маълум гашт, ки љавобгар Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна дар суроѓаи дар аризаи даъвогї нишондода шуда, яъне дар шањри Турсунзода, Љамоати дењоти Регар, дењаи Шањрисабз  дар ќайди манзили мазкур буда, вале муваќќатан истиќомат намекунад ва ба муњољирати мењнатї ба Федератсияи Россия рафтааст.

Тибќи талаботи ќисми 1-и моддаи 121 КМГ Љумњурии Тољикистон, њангоми номаълум будани мањалли воќеъии истиќоматии љавобгарон судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судї, ки ќабули онњоро ташкилоти истифодаи манзили ё маќомоти худидоракунии мањаллии љойи охирони истиќомати љавобгар ё маъмурияти љойи кори охирини маълуми љавобгар тасдиќ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъватномаи судї ва њуљљатњои замимашуда таъиноти судї ќабул мекунад.

Аз ин рў, суд тибќи талаботи ќисми 1 моддаи 121 КМГ Љумњурии Тољикистон амал карда, лозим донист оиди ошкоро супоридани хабарномаи судии номбурда таъинот барорад ва тибќи талаботи ќисми 3 моддаи мазкур пас аз гузаштани як моњ аз рўзи дар љойи эълонњои судї насб кардани нусхаи таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъват ва њуљљатњои замимашуда ба љавобгар Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна ошкоро супорида шуда эътироф мегардад.

Суд бо назардошти холатҳои боло мувофиқи мақсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна оид ба ошкоро  супоридани хабарнома ва ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот қабул намояд.

Бо дастрасии моддаи 121 Кодекси мурофиавии гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистон судя,-

Т А Ъ И Н   К А Р Д:

Ба љавобгар Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна супоридани даъватномаи судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Мањмудов Љурабек Хакимович (Мансуров Бањром Хакимович) бо љавобгарии Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна оиди бекор кардани аќди никоњ бе додани мўњлати оштишавї  ошкоро эълон карда шавад.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна ошкоро супоридашуда эътироф гардад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Мањмудов Љурабек Хакимович (Мансуров Бањром Хакимович) бо љавобгарии Махмудова (Бутаева) Дилдора Комилљоновна оиди бекор кардани аќди никоњ бе додани мўњлати оштишавї бо тартиби мурофиаи ғоибона баррасї карда шавад.

 

 

Раиси суди

шахри Турсунзода:                                                                                                  Ализода Д.