Т А Ъ И Н О Т Х О Оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

Т А  Ъ  И  Н О  Т

Оид ба ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда

07 октябри соли 2019                                                шаҳри Турсунзода

Муовини якуми Раиси суди шаҳри Турсунзода Вализода Р. маводҳои парвандаи оилавӣ бо даъвои Маҳмудова Сабина Валерьевна бо ҷавобгарии Махмудов Аскарали Тошмирзоевич оиди бекор кардани аќди никоњро дида баромада,-

Муайян кард:

Маҳмудова Сабина Валерьевна ба суд бо даъво нисбати Махмудов Аскарали Тошмирзоевич оиди бекор кардани аќди никоҳ муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки аќди никоҳи ў ва љавобгар, ки дар Бахши САХШ-и шаҳри Турсунзода 19 марти соли 2011 тањти №155 ба ќайд гирифта шудааст, бе додани муњлати оштишавї бекор карда шавад.

Њангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ муайян карда шуд, ки њоло љавобгар Махмудов Аскарали Тошмирзоевич дар Федератсияи Россия қарор дошта, ҷои аниқи зисташ номаълум мебошад. Њолати мазкурро маълумотномаи кумитаи дењаи Шодиёнаи шаҳри Турсунзода ва санади тартиб дода шуда тасдиќ мекунанд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 121 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳали воқеии истиқоматии ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё мақомоти худидоракунии маҳали ҷои охирини истиқомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷои кори охирини ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

           Суд бо назардошти холатҳои боло мувофиқи мақсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар Махмудов Аскарали Тошмирзоевич оид ба ошкоро  супоридани хабарнома ва ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот қабул намояд.

         Бо дастрасии моддаи 121 Кодекси мурофиавии гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистон судя,-

Таъин  кард:

            Ба ҷавобгар Махмудов Аскарали Тошмирзоевич супоридани даъватномаи судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Мањмудова С.В. бо љавобгарии Махмудов А.Т. оиди бекор кардани аќди никоњ ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ, нусхаи шаҳодатномаи никоҳ, нусхаи шиноснома ва шањодатномаи таваллуд дар ҳаҷми чор саҳифа.

          Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб шуданаш ба ҷавобгар Махмудов Аскарали Тошмирзоевич ошкоро супоридашуда эътироф гардад.

         Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷои эълонҳои судӣ насб карда шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Махмудов Аскарали Тошмирзоевич, парвандаи оилавӣ бо даъвои Мањмудова Сабина Валерьевна бо љавобгарии Махмудов Аскарали Тошмирзоевич оиди бекор кардани аќди никоњ тибқи тартиби мурофиаи ғоибона баррасӣ карда шавад.

         Баррасии парвандаи оилавӣ ба соати 10:00 дақиқаи рӯзи 08 ноябри соли 2019 дар бинои суди шаҳри Турсунзода таъин карда шавад.

Муовини якуми Раиси

суди шањри Турсунзода                                                      Вализода Р.