САЗОИ ҶИНОЯТИ АВБОШӢ

Авбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ нишонаи маърифати пасти ахлоқиву ҳуқуқӣ буда, маҳз маърифати пасту кинаву адоват ва бузургманишиву нофаҳмиҳои лафзӣ дар бештари вақт ба муноқиша ва ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

Боиси нигаронист, ки ба чунин вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ ва авбошӣ маъмулан ашхосе даст мезананд, ки маълумоти миёна ё олии касбӣ надоранду дар ҷое ба кори ба зиндагиву ҷомеа фоидаовар машғул нестанд.

Чанде пеш дар суди шаҳри Турсунзода маводҳои парвандаи З.З.М. сокини шаҳри Турсунзода, муҷаррад мебошад, баррасӣ намудем. Далелҳои ҷамъовардашударо ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида, баёноти иштирокчиёни маҷлиси судро шунида, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, муайян кардем, ки судшаванда рӯзи 17 сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30 дақиқа, ҳангоми дар назди хонаи истиқоматии ҳамдеҳааш А.К.М., қарор доштанаш, бо охирин баҳсу муноқиша намуда, баъдан бо мақсади дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо шаҳрванд Қ.Д.Ф. ҷангу ҷанҷол намуда, охиринро дашномҳои қабеҳ намуда, ба ӯ дарафтода, зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои авбошонаи худ муддати зиёда аз 10-15 дақиқа тартиботи ҷамъиятӣ ва оромии мардумро дағалона халалдор месозад ва ба Қ.Д.Ф. зарари ҷисмонӣ мерасонад.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судии №876 аз 15 октябри соли 2021 ҷароҳатҳои ҷисмонии дар бадани Қ.Д.Ф. ба мисли хуномусҳо ҳамчун ҷароҳатҳои бо расонидан ба зарари саломатӣ ҳамбастагӣ надошта мансуб дониста мешаванд, чунки чунин ҷароҳатҳо зудгузаранда буда, ҷисми инсонро одатан дар муддати 6-7 шабонарӯз ноором месозанд.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда ба гуноҳаш пурра иқрор шуду аз кирдори содиркардааш самимона пушаймон гардид. Ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда судро таҳти шубҳа нагузошта ва суд муайян намуд, ки эътирофи ӯ маҷбурӣ нест.

Бо назардошти ҳолатҳои боло суд ба хулоса омад, ки кирдори судшаванда З.З.М.-ро бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон банду баст намуданашро мувофиқи мақсад шуморид ва ба ӯ бо дастрасии моддаи 63-и ҳамин кодекс ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.

Хуб, парванда баррасӣ шуду авбош ҷазо гирифт, вале кор бояд бо ин ба итмом нарасад. Аз ин рӯ суд бо дастрасии моддаҳои 35 ва 290 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард, ки раиси Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ба камбудиҳои ҷойдошта диққати ҷиддӣ дода, дар байни сокинони деҳот корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикиро дуруст ба роҳ монда, барои пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Бале, пешгирии ҷиноят аз маҳкум кардани содиркунандаи он авлотар аст.

 

Раҳимҷон ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода.