Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр

Санаи 26 октябри соли 2021 бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ аз ҷониби роҳбарияти суди шаҳри Турсунзода маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси суд Ализода Д., муовини якуми раиси суд Вализода Р., муовини раиси суд Сафарзода А., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Турсунзода иштирок доштанд. Зимни гузаронидани маҷлиси мазкур Раиси шахри Турсунзода Акрамзода П. ва дигар рохбарони макомотои кудрати аз кабили прокурори шахри Турсунзода, сардори ШВКД дар шахри Турсунзода, сардори амнияти давлатии шахри Турсунзода ва дигарон ба бинои суди шахр хозир шуда, бо ин рузи хучаста тамоми кормандони макомоти судии суди шахрро табрику тахният намуда, бо мукофотхо ва ифтихорномахо сарфароз намуданд. Дар навбати худ Раиси суди шаҳри Турсунзода Ализода Д. кулли кормандони Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ – 26 октябр табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо мувафақиятҳо хост.

суратлавха аз рафти мачлис:
 
 
 

котиби суд;

Чобирзода М.