Президент кафили истиќлолияти миллист

Мутобиќи моддаи 2-юми Ќонуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи рўзхои ид» аз соли 2016 инчониб дар Точикистон рўзи 16-уми ноябр хамчун Рўзи Президенти Чумхурии Точикистон чашн гирифта мешавад. Дар ин рўз дар саросари кишвар чамъомадхои илми, мулоќоту вохўрихои мардуми, мусобиќахои варзишию фарханги ва чорабинихои идона доир гашта, мардуми Точикистон ин чашни миллиро бо суруру шодмони гироми медоранд.

Мувофики муќаррароти Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Президенти Чумхурии Точикистон Сарвари давлат ва Раиси хокимияти ичроия хисоб шуда, хомии хуќуќу озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиќлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маќомоти давлати ва хамкорони онхо, риояи ќарододхои байналмилалии Точикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти Рўзи Президенти Чумхурии Точикистон нишонаи чашни ќадрдонию сипос ба тамоми он арзишхои баланди давлати, милли ва шахрвандие мебошад, ки Президенти Чумњурии Точикистон хамчун кафили конститутсионии онхо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рўзи Президенти Чумхурии Точикистон чашни хар як шахрванди худшиносу ватандўст ва озоду осудаи Точикистон аст.

Ќайд кардан зарур аст, ки дар давлати тозаистиќлоли мо мафхуми Президенти Чумхурии Точикистон бо шахсияту хидматхои бузурги мухтарам Эмомали Рахмон хамсадо гашта, пайванди ногусастани дорад.

Дастовардхои даврони сохибистиќлолии кишвар зери рохбарии Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон минбаъд низ зам шуда, мардуми сарбаланди ин сарзамини гулбасарро ба ояндаи босуботу нек ва дурахшон сафарбар месозад.

 

ВАЛИЗОДА Р.,

муовини якуми раиси суди

шахри Турсунзода