ПАЕМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲУҶҶАТИ РОҲНАМОСТ

Тавре медонем Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 декабри соли 2022 Паёми навбатии худро тариқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми шарифи кишварамон ироа намуданд.

Сарвари давлат дар ин ҳуҷҷати раҳнамо аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонад.

Дар Паём даҳҳо пешниҳоду барномаву вазифаҳои муҳим барои рушди бунёдӣ ба миён гузошта шудаанд. Дар ҷараёни амалигардии ин роҳнамоиҳои хирадмандона мамлакатамон боз ҳам рушд ёфта, шароити буду боши мардум ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Дар ин росто Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод. Инчунин, таъкид намуданд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати мамлакат тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.

Президенти Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо иотифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгарои гумроҳ месозанд.

Ҳамзамон таъкид карданд: «Мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Қобили тазаккур аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ба ҳисоб рафта, рушди низоми ҳуқуқӣ, таъмини тартиботу қонуният, назорат дар татбиқи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо, инчунин масъалаҳои амнияти миллӣ, боло бурдани иқтидори мудофиавии кишвар, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба соҳаи ҳуқуқ дар меҳвари Паём қарор гирифта, дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоят ва супоришҳои дар Паём ироагардида ба роҳ монда, дар ободонии манзилу маҳалли худ ва сарзамини хеш саҳм гузорем.

Далер Ализода,
раиси суди шаҳри Турсунзода