ҚОНУН ПУШАЙМОНРО “САФЕД” НАМЕСОЗАД…

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳастанд ашхосе, ки дар натиҷаи сархушӣ, якравию авбошӣ ба ҷиноятҳои гуногун даст мезананд, дар оқибат ба гирдоби пушаймонӣ кашида мешаванд. Тавре огоҳ ҳастем, ин гуна воқеот аз сабаби надонистани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегарданд.

Сокини деҳаи Файзбахш-2-и шаҳри Турсунзода Б.И.Б. низ дар марҳилаи кунунӣ бо моддаи 237 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии мамлакат ба ҷавобгарӣ кашида шудаасту азоби руҳии ӯ сарҳад надорад.

Воқеа ин тавр рух дода буд: Б.И.Б. соли 2017 ҳамчун муҳоҷир аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аҳли оилааш ба Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода, омада, дар ин ҷо хонаи истиқоматӣ сохта, то ба имрӯз зиндагӣ ба сар мебарад. Ҷабрдида Ҳ.Р.С ҳамчун раиси маҳалла аз рӯзи аввали ба ин деҳа омаданаш бо ӯ шинос шуда, бо якдигар муносибати хуби ҳамдеҳагӣ доштанд. Якчанд моҳ пеш ӯ фаҳмида будааст, ки дар номи ҳар як муҳоҷир як миқдори замин барои кишту кор ҷудо карда шудааст ва ба назди раиси маҳалла рафта, оид ба ин ҳолат пурсон шудааст. Ҷабрдида ба ӯ гуфтааст, ки дар ҳақиқат ҳамин тавр ва ваъда додааст, ки аз он заминҳои ҷудо карда шуда 23 садякро дар номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Аммо аз байн рӯзҳои бисёр гузаштаасту ӯ он замини ваъда кардаашро ҷудо карда надода, ӯро фиреб дода мегаштааст.

Тахминан панҷ моҳ пеш ӯ ба назди Ҳ.Р.С. рафта, дар ҳамин хусус суҳбат мекунад. Раиси маҳалла ба ӯ мегӯяд, ки ҷудо карда додани замин аз дасташ намеояд. Аз ин суханони ӯ Б.И.Б. ба ғазаб омада, ки агар раиси маҳалла ваъдаашро иҷро накунад, хонаашро оташ мезанад. Лекин Ҳ.Р.С. боз ҳамон гапашро такрор мекунад. Чанде гузашта, судшаванда бинобар сабаби вазнин будани шароити зиндагониаш қасд кардааст, ки Ҳ.Р.С. – ро ба ягон ҷойи пинҳонӣ бурда метарсонад ва мумкин баъди ин ба ӯ замин ҷудо карда диҳад. Дар суҳбат раиси маҳалла ва ӯ гуфтааст, ки аз заминҳо лалмӣ замин ҷудо карда медиҳад. Судшаванда бошад, аз заминҳои обӣ ҷудо карданашро талаб мекунад. Ниҳоят ба хулосае меоянд, ки рӯзи дигар ба назди раиси Ҷамоати деҳот рафта, мунозираро давом медиҳанд. Б.И.Б. дар онҷо аз раиси ҷамоат оиди 14 адад заминҳои доштаи раиси маҳаллаашон (гӯё депутати маҳаллӣ Ғ.А. ба судшаванда гуфтааст, ки аз тарафи ҳукумат ҳамин қадар замин ҷудо гардидаасту раиси маҳалла ӯро ба манфиати шахсии худаш истифода бурда, ҳаққи судшавандаро надода бошад) пурсон мешавад. Раиси ҷамоат ба ӯ мегӯяд, ки ин маълумотҳои доштаи ӯ нодуруст мебошад ва аз ин ҳолат хабардор нест.

Аз байн чанд рӯз гузашта, ӯ ба назди Ҳ.Р.С. рафта, боз ҳамин “масъала”-ро ба миён мегузорад. Ҷабрдида мегӯяд, ки баъди ҷамъоварӣ намудани ҳосили дар замин буда, ба ӯ аз заминҳои обӣ замин ҷудо карда медиҳад ва боз ваъда мекунад, ки агар аз ӯҳдаи ин набарояд, замини худашро дар номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. Ба гуфти Б.И.Б. баъди даравидани ғалла ӯ ба назди раиси маҳалла рафта, замин пурсон шудааст, вале ӯ ин даъвои Б.И.Б.-ро рад кардааст. Аз ин гуна рафтори Ҳ.Р.С. судшаванда ба ғазаб омада, қасд кардааст, ки ӯро ҷазо медиҳад.

Ҳамин тавр ӯ санаи 12 июни соли 2021, тахминан соатҳои 23:30 дақиқаи шаб дар хонааш як миқдор нӯшокии спиртӣ нӯшида, як корди хоҷагиро гирифта, ба сӯи хонаи ҷабрдида равона мешавад. Баъди баҳсу мунозира Б.И.Б. кордро аз бағалаш бароварда, як маротиба ба шиками ӯ мезанад ва кордро кашида гирифта боз ду-се маротибаи дигар такрор мекунад. Дар ҳамин вақт ҳамсари Ҳ.Р.С. огоҳ шуда, аз ҳуҷраи хобаш ба саҳми ҳавлиашон баромада, ба тарафи Б.И.Б. дод зада мегӯяд: “Пирхари шаробнӯш, аз хона баромада рав, ки ба кормандони милитсия хабар медиҳам”.

Ҳоло Б.И.Б. аз кирдори содиркардааш пушаймон мебошад. Суд ӯро бо моддаи 237 қисми 3 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои он дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин кард. Дар асоси моддаи 6 банди 3 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли 2021, таҳти №1803 муҳлати ҷазои таъингардида аз се як ҳисса кам карда шуд.

Умедворем, ки рафтор ва кирдори судшаванда Б.И.Б. барои бисёриҳо сабақи муҳим мегардад, ҳамзамон мардумро баҳри дар чаҳорчӯбаи қонунҳои одилонаи мамлакат зистан, ба пешрафт ва гулгулшукуфии Ватани азизамон содиқона хизмат кардан ҳидоят менамояд.

 

Р. ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода.

А. ҒАФУРОВ,
мухбири махсуси “ДТ”.