ҚОНУН “МУШТЗӮРӢ”-РО НАМЕПИСАНДАД

Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё аз кор мондани ин узв, қатъ гардидани ҳомиладорӣ ё дар бадсуратии ислоҳнопазири рӯй ифода ёфтааст, инчунин расонидани зарари дигар ба саломатӣ, ки барои ҳаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии зиёди саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ гардидаст, ё гунаҳгор баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани қобилияти меҳнатии касбӣ ё бемории рӯҳӣ, нашъамандӣ ва ё токсикомания мегардад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Қисми 1 моддаи 110 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Бале, ҳар як ҷиноят ва ҳар як қонуну қоидавайронкунӣ пасомади номатлубро ба бор меоварад, яъне ҷиноят бе ҷазо нахоҳад монд, дар ҳоле, ки таҳаммулу қаноат ва якдигарфаҳмию аъмоли беҷаҳолат метавонад пеши роҳи содиршавии онро гирад.

Чанде пеш парвандаи ҷиноятии Э.Х.Г. сокини шаҳри Турсунзода, ки муваққатан бекор, оиладор соҳиби 3 фарзанд буда, қаблан суд нашудааст, мавриди баррасӣ қарор додем. Таҳлили ҳамаҷониба нишон дод, ки судшаванда 13 октябри соли 2021 тахминан соати 14:40-дақиқа ҳангоми дар хирмани кӯфти ғаллаи деҳа қарор доштанаш, бо ҷабрдида М.И.А. баҳсу муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ аз ҷои ҳодиса як адад панҷшохаро гирифта ба воситаи чӯбдасти он як маротиба ба пушти сари ҷабрдида мезанад, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бистарӣ мегардад.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ, №-882 аз 26.10.2021 ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани ҷабрдида ба мисли садамаи пӯшидаи косахона ва мағзи сар, ҷумбиши майнаи сар, латёбии майнаи сар дараҷаи миёна, гематомаи эпидурали қисми пешонаи сар аз тарафи чап, хуномоси зери пӯсти гирди ҳарду чашмҳо мансуб ба зарари вазнин ба саломатӣ мебошанд ва барои ҳаёт хавфнок буда, ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои кунду сахт бардошта бошад.

Суд маводҳои парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор дода, нишондоди судшаванда, ҷабрдида ва шоҳидонро дар маҷлиси судӣ шунида, ба чунин хулоса омад.

Гуноҳи судшаванда Э.Х. дар содир намудани ҷинояти қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, инчунин бо аризаи ҷабрдида, протоколҳои гирифти далели шайъӣ, азназаргузарони ҷойи ҳодиса, пурсиши ҷабрдида, рӯбарӯкунӣ, азназаргузаронии далели шайъӣ, хулосахои экспертизаи ташхиси тибби-судӣ, қарор дар бораи эътирофи ҷабрдида ва даъвогари гражданӣ, хулосаҳои экспертизаи суди равонпизишкӣ, экспертизаи судӣ-психологӣ, қарори эътирофи далели шайъӣ ва дигар далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, исботи пурра ва бебаҳси худро ёфт.

Аз ин рӯ суд ҳаракатҳои судшаванда Э.Х.-ро бо қисми 1-и моддаи 110-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, гунаҳгор дониста, бо назардошти моддаҳои 60 ва 61 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ ба муҳлати 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин кард.

Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз ҷониби нозирони Ҷамоати деҳоти Регар дар шаҳри Турсунзода, уҳдадориҳои хизматиашонро пурра ба иҷро нарасонида корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода дуруст ба роҳ намондаанд, ки боиси содир гардидани чунин категорияҳои ҷиноят гардидааст.

Бо назардошти ин камбудиҳо суд лозим донист, ки диққати сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода ба камбудиҳои дар боло ошкоркардашуда ҷалб карда шавад. Гузашта аз ин, фаъолон ва ашхоси соҳибэътибору баобрӯи ҷомеа низ бояд дар ин ҳолат худро барканор нагиранд.

 

Далер АЛИЗОДА,
Раиси суди шаҳри Турсунзода.