НОУҲДАБАРОӢ АЗ ДУ ҶОНИБ ОМИЛИ САДАМА ГАРДИД

Суди шаҳри Турсунзода 28 сентябри соли 2023 парвандаи ҷиноятиро бо айбдории С.А.Н., ки 32 сол дорад, мавриди таҳқиқ қарор дод. Номбурда оиладор, соҳиби 2 фарзанд, бекор, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, кӯчаи А. буда, пеш суд нашудааст.
Муайян гардид, ки С.А. Н. дар 1 августи соли 2023 бо автомашинаи шахсии тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди аз самти шаҳри Турсунзода ба самти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи рондани воситаи нақлиёт набаромада, бо қисми пеши автомашинааш пиёдагард Б.Т.М.-ро, ки роҳро аз самти рост ба чап аз ҷои муайяншуда мегузашт, мезанад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бистарӣ мегардад.
Мувофиқи хулосаи эксперти тиббӣ-судӣ ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи пиёдагард шикасти пӯшидаи парахадори сурин ва она аз ҳарду тараф бо беҷошавии устухонҳо ва харошаҳо буда, ҳамбастагӣ доранд ва зарари вазнин ба саломатӣ бо аломатҳои ба ҳаёт хавфнок маҳсуб меёбанд.
Тибқи хулосаи ташхиси судӣ- автотехникӣ бошад, таҷҳизоти идораи сукконӣ ва системаи кории тормозии автомобил дар ҳолати дурусти техникӣ қарор доштанд.
Суд парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, судшавандаро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии сукунат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 1 сол таъин кард.

 

Далер Ализода,
раиси суди шаҳри Турсунзода