НОБОЛИГОН ВА ЧИНОЯТКОРИ

 

 

НОБОЛИГОН ВА ЧИНОЯТКОРИ

Хидоятхои Пешвои миллат хар яки моро водор менамояд, ки чихати баланд бардоштани маърифати илми, ахлоки ва хуќуќии насли наврас, тарбияи ин табаќаи ояндасоз дар рўхияи ватандўстиву худшиноси ва пеш аз хама дўст доштани муќаддасот ва арзишхои милли тамоми ќувваю воситахои хешро сафарбар намоем. Махсусан ќайд намуд, ки дар ин чода сахми омўзгорону кормандони сохаи маориф хеле бузург аст. Зеро чомеаро дар хама давру замон бе иштирок ва мавќеи намояндагони илму маърифат, олимон, ахли адаб, омўзгорону устодон ва кормандони сохаи маориф тасаввур намудан ѓайриимкон аст.

Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон чунин таъкид доштанд: «Наврасон ва чавононро аз амалу рафтори ночо ва ѓайриќонуни нигох доштан ва ба рохи дуруст хидоят кардан вазифаи муќаддас ва ќарзи инсонии падару модарон, омўзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман ахли чомеа мебошад». Дар хаќиќат, тарбияи наврасон яке аз мухимтарин рукни чомеаи шахрванди ба хисоб рафта, дар симои ин насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилооти чахонро хатари калон тахдид мекунад, таваччухи махсус зохир кардан ба ин масъала ногузир аст. Хотиррасон бояд кард, ки мувофиќи меъёрњои илмї-њуќуќї љинояти ноболиѓ шахсе эътироф мешавад, ки дар ваќти содир намудани љиноят 14-солагиро пур карда, ба синни 18 нарасидааст. Њамасола љиноятњои содиршударо бо иштироки ноболиѓон дар муќоиса бо солњои пешин муњокима мекунем ва хулоса мебарорем. Бояд хулоса барорем ва даќиќ кунем, ки бо кадом роњ ин амалњои номатлуб бояд решаканд карда шаванд?

Зеро љиноят, он хоњ хурд бошад, хоњ бузург, доимо хатар дорад. Барои њалли ин ва дигар масъалањои марбут ба тарбияи ноболиѓон ба назар гирифтани як ќатор омилњо аз манфиат холї нест. Бахусус, фаъол гардонидани наќши равоншинос дар оила, омода намудани дастуру тавсияњо доир ба пешгирии љиноятњои гуногун, љалби волидон тавассути чорабинињои гуногун, ташкилу вохўрињо бо ањли илму адаб, фарњанг, маќомоти низомї, собиќадори мењнат ва фаъолони љомеа, баргузории семинару мањфилњо бо маќсади баланд бардоштани донишњои равонии падару модарон, баланд бардоштани масъулияти маќомоти мањал љињати таваљљуњи њамешагї ба њаёти ноболиѓон лозим мебошанд.Боварї дорем, ки чунин имкониятњо метавонанд ноболиѓонро аз даст задан бар њар гуна амали нољо ва њуќуќвайронкунї љилавгирї намуда, онњоро ба дарки моњияти ќонун, хатари љинояткорї, озодии виљдон, покизагии ахлоќ, эњтиром ба ќонун, волоият ва иљрои бемайлони он водор хоњад кард.

С. ИБРОХИМЗОДА,

 судяи суди шахри Турсунзода.