Накши чомеа  дар интихобот – халкунандаи такдири миллату давлат

Инак давлати навбунёди точикон 29-сола шуд ва дар ин раванд институти президентии рохбарии давлат рушду такомул ёфт. Мусаллам аст, ки институти президенти хамчун сохтори комилхуќуќи идоракунии давлату хукумату чомеа дар асоси интихоботи умумихалќи таъсис меёбад. Худи интихобот бошад, хамчун механизми таъмини раъйи озоди халќи хар кишвар ва эътирофи мардум хамчун сарчашмаи ягонаи хокимият ва рушди демократия дар мамлакат махсуб меёбад.

Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Ќонуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон» ва дигар ќонунгузории интихоботии чумхури меъёрхои  асоси ва воќеии ба назм оварандаи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон мебошанд. Бо як сухан, имрўз дар Точикистони сохибистиќлол  заминаи комили хуќуќи барои ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти халќи мавчуд буда, он бахри баргузориаш дар сатхи баланди ташкилию сиёси ва баробар ба меъёрхои байналмилали имкониятхои воќеи ва фарох фарохам овардааст.

Ќайд кардан зарур аст, ки бештари ахолии кишварро чавонон ташкил медиханд ва бехуда нест, ки Пешвои муаззами миллат Точикистонро кишвари чавонон номидаанд. Аз ин рў дар таъмини баргузории босифат ва шаффофи интихоботи ќарибулвуќуъ наќши чавонон бориз аст.

Илова бар ин, фаъолияти сермахсули занон низ дар ин чанба назаррас мебошад. Имрўз, махсусан дар арафаи ин чорабинии мухими сиёси, фаъолияти ташкилотњои чамъияти, хизбхои сиёсии расман дар кишвар ба ќайд гирифташуда, шуъбаи кор бо зан ва оилаи маќомоти ичроияи махалли, бахши кор бо чавонон ва варзиши шахр, маќомоти хифзи хуќуќ ва адлия, сохторхои марбутаи маќомоти ичроия ва фаъолони чомеа бояд нишонрас ва назарнамо бошанд.

Ќобили зикр аст, ки аз чониби КМИР имрўз тамоми санадхои меъёрию хуќуќї ва дастурамалхои сохави ба таври комил ва мушаххас ба хар як участкаи интихоботи дастрас шудааст. Маќомоти ичроияи махалли участкахои интихоботиро бо бино ва шароитхои мусоид таъмин намудааст. Шахсони бетараф ва холис (моддаи 17 ЌЉТ «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон») аъзои комиссия таъйин шудаанд. Дигар масоили вобаста ба ин маъракаи мухими сиёси хал шудаанд ё халашон ногузир аст.

Аз мо – ахли солимфикри чомеа бошад, ихтиёр дар он аст, ки зирракии сиёсиро аз даст надихем, фирефтаи хангомаву дасисахои гурўххои манфиатдор нашавем, ба ваъдаи «метрову демократияи утопияви»-созон бовар накунем. Даст рўи сина гузорему дар интихобот бо арзёбии воќеии дастовардхои гўшношуниди даврони сохибистиќлоли сахми ояндасоз гузорем.

Ќайд кардан зарур аст, ки фарханги хуќуќию сиёсии интихобкунанда яке аз омилхои асоси ва мухим дар ташкилу баргузор намудани интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон мебошад. Аз ин рў рафтори сиёсии ахли чомеа, махсусан чавонон ва занон бозгўи ба таври ќонунї ва демократи баргузор шудани интихоботи халкунандаи таќдири миллату давлат мебошад.

Мутмаин хастем, ки интихоботи навбатии Президенти Чумхурии Точикистон бо назардошти заминахои комили сиёси, чамъияти ва хуќуќи дар сатхи баланди ташкилию сиёси, бо риояи фарханги баланди сиёсию меъёрхои хуќуќи баргузор мегардад ва мардуми сарбаланди Точикистон, ки  маърифат ва фарханги баланди  сиёсиву хуќуќи доранд, дар ин маъракаи таќдирхалкунандаи сиёси фаъолона ширкат меварзанд.

 

ВАЛИЗОДА Р.,

муовини якуми раиси суди

шахри Турсунзода.