Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модарон

Санаи 06 марти соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Турсунзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси суди шаҳри Турсунзода Ализода Д. бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Модарон баргузор гардид.

Сараввал ҳозиринро Раиси суди шаҳри Турсунзода Ализода Д. табрику муборакбод намуда, ба кулли модарон ва занон таманниётҳои некро аз номи худ ва коллективи суди шаҳри Турсунзода иброз намуданд.

Ҳамзамон муовинони Раиси суди шахри Турсунзода Вализода Р. ва Сафарзода А.Ш., судяхои суди шахри Турсунзода Рачабзода С. ва Назарзода М. инчунин ёрдамчии Раиси суди шахр Чураев Н. ҳозиринро бо Рӯзи Модарон табрик намуданд.

Дар охир роҳбарияти суди шаҳри Турсунзода ҳамаи занон ва модаронро бори дигар муборакбод намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.

 

 

Котиби суд:

Чобирзода М.Ч.