КОНСТИТУТСИЯ – АСОСИ СОХТОРИ ДАВЛАТДОРИ

СУХАНРОНИИ РАИСИ СУДИ ШАХРИ ТУРСУНЗОДА ДОИР БА РУЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Ќабули Конститутсияи Чумњурии Точикистон яке аз унсурхои мухими давлатдори аст, ки таќдири имрўз ва фардои мардуми кишварро муайян  мекунад. Доштани ќонуни асосие хамчун Конститутсия  барои хар як давлат ва миллат шарт ва мухим аст. Конститутсия чунин санади умумии (универсали) хуќуќи ва сиёси аст, ки дар он мухимтарин ва арзишмандтарин дастовардхои афкори сиёсиву хуќуќии чомеаи башари, аз чумла арзиши оли будани инсон, хуќуќу озодихои он ва хифзи ин хуќуќхо гирд оварда шудаанд. Конститутсия хамчун хуччати мухими сиёси махсуб ёфта, дар миёни санадхои меъёрии хуќуќи хамчун  санади оли эътибори хуќуќи дорад ва дар заминаи талаботи аввалиндарачаи инсон ба хаёт, зиндаги, озоди, адолати иљтимои, баробари ва дахлнопазир будани хуќуќу озодихои ў дар майдони сиёси, хуќуќи, ичтимои ва фарханги тахия шудааст.

Конститутсия чун шиносномаи давлату миллат хисобида мешавад, зеро дар он унвони давлат, сохти давлатдори ва сохтори он нишон дода шуда, асоси низоми хуќуќии давлатро муайян менамояд ва сарчашмаи хамаи ќонунхо мебошад.

Ба шарофати ќабули Конститутсия Чумхурии Точикистон давлати сохибихтиёр, демократи, дуняви ва ягона муаррифи гардида, халќи точик хамчун мардуми бунёдкор, сулхпарвар ва фарханги шинохта шуд. Бешубха, ин санади муќаддас, ки  яке аз дастовардхои бузурги даврони Истиќлоли Чумхурии Точикистон мебошад, чун чароѓи фурўзон рохи рушди давлати сохибистиќлоли точикон ва мардуми онро барои садсолахо мунаввар мекунад.

Тазаккур бояд дод, ки наќш ва мавќеи Конститутсияи мамлакат дар рушди давлатдории милли, танзими хуќуќии муносибатхои гуногуни чамъияти, ошкор кардани камбудию муваффаќиятхо, тахлил ва пешниходи андешахо, бахрабардори аз онхо чихати демократикунонии минбаъдаи хаёти чомеаи Точикистон ба шумор меравад. Ва махз Конститутсияи мамлакат вазифаи нихоии халќи кишварро бахри бунёди чомеаи адолатпарвар ва давлати ичтимои, ки он барои хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад, арзёби намуда, сиёсати давлатии Чумхурии Точикистонро ба таври кулл, роху тартиби расидан ба ин хадафи оли ва нихоии давлатро пешбини менамояд.

Бо дарназардошти хадаф ва мазмуни олии ин санади мухим Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон таъкид намудаанд: «Ќонун бояд пеш аз хама ба хифзу химояи инсон ва хуќуќу озодихои ў равона карда шавад, мавќеи шахсро дар чомеа мустахкам намояд ва барои истифодаи нерўи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шахрвандон дар чомеа мусоидат намояд». Конститутсияи кишварамон бо пайгири аз ин хадаф  ифодакунандаи хуќуќхои мардуми кишварамон буда,  бехтарин арзишхои хуќуќии милли ва хуќуќхои шахрвандонро инъикос менамояд.

Маълум аст, ки хангоми тархрези ва ќабул намудани Ќонуни асосии давлатдории мо — Конститутсия аз ќонунхои сирф миллии худ, ки табиати мардуми моро инъикос менамояд ва дар тўли таърихи бисёрсолаи мавчудияти мардуми мо хуб суфтаю коркард шудааст, истифода шуда, дар мазмуни он эхтиром ва каромати инсон дар мадди аввал гузошта шудааст. Конститутсияи Чумхурии Точикистон  тачрибаи пешќадами чахони  вобаста ба арзиши оли эътироф гардидани инсонро дар  худ бо чунин мазмун чой додааст:  «Хеч як манфиат, неъмат ва дорои аз инсон ва хуќуќу озодихои ў боло буда наметавонад. Хама чиз дар давлат ва чомеа барои ќонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст». Хамин тариќ, Конститутсияи давлатамон хама гуна хуќуќу озодии инсонро, ки бояд ба маќсади нихоии давлат ва чомеи Точикистон, яъне бунёди чомеаи адолатпарвар ва ичтимои равона шуда, бо хусусияти созандаю бунёдкоронаи худ чомеаи моро барои расидан ба ормонхои милли рахнамун месозад, мухтаво ва мазмуни худ инъикос намудааст.

Чун Конститутсия  ба сифати хуччати мухимтарин тамоми  пахлўхои хаёти чамъияти ва шахси, ъаќќу хуќуќхои шахрвандонро танзим менамояд, асоси сохти давлатдори аст. Мардуми кишвар низ бо дарки он, ки хаёти осоишта, амну амнияти кишвар ва фардои фирўзи халќамон ба риояи тамоми муќаррарот ва нишондодхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, инчунин дигар ќонунхои амалкунандаи кишвар  вобастаги доранд ва  омили асосии  устувориву пойдории давлати тозаистиќлоламон мебошад, талоши онро доранд, ки  ичрои амалии  тамоми муќаррароти онхо таъмин бошанд.

АЛИЗОДА Д.,

раиси суди шахри Турсунзода.