Интихобот — 2020

Бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо

Бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.

Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд:

– протоколи маҷлиси мақоми олии (анҷумани, конференсияи) ҳизби сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– нусхаи шиноснома (корти идентификатсионӣ);

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ;

– маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

– нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад;

– хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ;

– маълумот оид ба надоштани доғи судӣ;

– бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардаанд;

– маълумоти тарҷимаи ҳоли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– аризаи номзад дар бораи розигиаш барои пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони боэътимоди номзад наметавонанд дар ягон комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил бошанд. Дар сурате ки агар узви яке аз Комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор месупорад.

Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, нисбати қарори мазкур ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзади мазкурро пешбарӣ кардаанд, метавонанд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд ва ин шикоят дар муҳлати шаш рӯз баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном, номи падар, сол ва ҷои таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавии номзад, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад.

 

 

 

Корманди дастгохи суди шахри Турсунзода

Ахмадзода Ф.Ч.