ХУШУНАТ ДАР ХОНАДОН БОИСИ НИГАРОНИСТ

Масъалаи хушунат дар оила, муносибати сарди келину хушдоман, таҳқиру паст задани шаъну эътибори инсон, махсусан зан имрӯз ба яке аз падидаҳои номатлуб ва ислоҳталаб табдил ёфтааст.

Баъзе аз хушдоманҳо бо мақсади тобеъ гардонидани наварӯсони хонадон ба ҳамин гуна амалҳо даст мезананд, ки ин гӯёи надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз ҳарду ҷониб мебошад.

Дар зер оид ба баррасии парвандаи ҷиноятие ҳикояти мухтасар мекунем, ки тибқи он зӯроварии руҳӣ, паст задани шаъну эътибор боиси марги арӯси хонадон шудааст.

М.З.Р.-и 51-сола сокини шаҳри Турсунзода аст. Таҳсилоташ миёнаву муваққатан бекор ва оиладору соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Судшаванда моҳи октябри соли 2019 писараш М.А.М.-ро бо шаҳрванд Х.Х.Ч. оиладор менамояд. Аз як назар кори нек ва ояндасоз, вале аз назари дигар…

Ҳамагӣ баъд аз ду моҳи зиндагонӣ судшаванда барои фармонбардори худ гардонидани арӯси нав азобу уқубати руҳиро бо роҳи мунтазам паст задани шаъну эътибор ба ӯ раво мебинад.

Билохира моҳи январи соли 2020 наварӯс ба таҳқирҳои пайвастаи хушдоманаш тоб наоварда, ба хонаи падару модари худ бармегардад. Волидайн бошанд, барои пойдор нигоҳ доштани оилаи фарзандашон ӯро боз ба хонаи шавҳараш гусел мекунанд. Вале хушунату зӯроварии равонӣ боз идома меёбад. Ба ин нигоҳ накарда наварӯс бо умеди минбаъд бехтар шудани зиндагонӣ сабрро ихтиёр менамояд. Хушдоман бошад, аз кирдорҳои бераҳмонаи худ қонеъ нагардида, моҳи феврали соли 2021 арӯсро бо баҳонаи тоза нигоҳ доштани саҳни ҳавлӣ ҳар гуна суханҳои бад зада, нисбати номбурда муомилаи бераҳмона раво мебинад. Ба ин ҳолатҳо тоб наоварда, арӯс боз ба хонаи падару модараш меравад. Якчанд муддат дар хонаашон қарор гирифта, беҳтар шудани зиндагиашро андеша намуда, боз ба хонаи шавҳараш бармегардад.

Субҳи 12 июни соли 2021 арӯс аз хушдоман барои иштирок намудан дар туйи арусии духтари холааш иҷозат мепурсад. Хушдоман бошад, аз хоб дер хестани ӯро баҳона намуда, боз таҳқиру дашному фишорро пеша мекунад ва барои иштирок намудан дар туйи арусӣ монеъ мешавад. Ҳамаи ин таҳқиру зӯровариҳо боис мегардад, ки Х.X. бо мақсади худкушӣ намудан маҳлули сирко истеъмол менамояд.

Дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода духтурон заҳролудшавии дараҷаи вазнини бадан бо маводи сирко, сӯхтани кимёвии узвҳои ҳозима, луобпардаҳои ковокии даҳон, гулӯ, меъда, роҳи нафас, хунравии аввалиндараҷаи узвҳои ҳозима, норасоии шадиди узвҳои даруна, норасоии кори дил ва рагҳои хунгард, норасоии нафас, ҷигар ва гурдаҳоро муайян намуда ӯро бистарӣ мекунанд ва ёрии аввлини тиббӣ мерасонанд. Вале ҳайҳот, рӯзи 13 июни Х.Х.Ч. дар беморхона мефавтад.

Ҳангоми баррасии парванда судшаванда худро дар содир намудани ҷинояти дар боло зикршуда қисман гунаҳгор ҳисоб кард, лек гуноҳи ӯ бо нишондодҳои ҷабрдида, шоҳидон ва дигар маводҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда тасдиқи худро ёфт.

Ҳамин тавр, суд М.З.Р.-ро бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин кард.

Дар асоси моддаи 6 банди 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли 2021, таҳти №1803 бошад, муҳлати ҷазои таъингардида аз се як ҳисса кам карда шуд.

 

Раҳимҷон ВАЛИЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Турсунзода.