ХУДБОВАРӢ – САБАБИ МАРГ

Бо зиёд шудани шумораи автомобилҳо, мутаассифона садамаҳои нақлиётӣ низ тамоюли афзуншавиро касб намудааст. Дар аксари ҳолат садама дар натиҷаи зоҳиршавии худбоварӣ, беэътиноӣ ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон рух медиҳад. Дар баъзе ҳолат оддитарин талаботи қавоиди зикршуда сарфи назар мегардад ва ҳамин боис мешавад, ки нафаре маъюб шуда, ҳатто нафаре мефавтад.

Барои мисол талаботи бандҳои 130 ва 131-и боби 12 Қоидаҳои ҳаркат дар роҳро оварданием, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2017, таҳти №223 тасдиқ шудааст. Ин талабот муқаррар мекунад, ки ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133 Қоидаҳо муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шидатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор гирад. Инчунин суръати ҳаракат бояд ба ронанда имкони назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд.

Итминон ҳосил кардан мумкин, ки талабот он қадар мураккаб нест ва риояи он барои ронанда ба мисоли обу ҳаво бояд ҳатмӣ бошад, вале ронандагоне низ ҳастанд, ки ба он, ба қавле “аз паси панҷа” назар меафкананд. Фаромӯш месозанд, ки ҳангоми иҷрои талаботи қавоиди болозикр нигаристан “аз паси панҷа” билохира мебарад онҳоро ба паси панҷара.

Чанде пеш парвандаи ҷиноятиро бо айбдории О.Ш.Қ.-и 27-сола, сокини шаҳри Турсунзодаро баррасӣ кардем. Муайян гардид, ки номбурда, санаи 1.12.2021 сол тахминан соатҳои 12:50 дақиқа, бо автомашинаи шахсии тамғаи «ДЭУ-ТИКО» ҳангоми аз маҳаллаи 1-ум ба самти маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода ҳаракат намуданаш дар рӯбаруи Литсейи Президентии шаҳри Турсунзода Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, худбоварӣ зоҳир намуда, баҳри пешгирии ҳодисаи нақлиёти чораҳои зарурӣ наандешида, суръати ҳаракати воситаи нақлиёташро идома дода, пиёдагард Қ.Н.А.-и 57-соларо, ки аз қисмати чапи роҳи мошингузар ба самти рост мегузашт бо қисмати пеши тарафи рости мошинаш пахш менамояд. Дар натиҷа Қ.Н.А. зарари вазнини ҷисмони бардошта дар беморхонаи марказии шахри Турсунзода ба ҳалокат мерасад.

Cуд парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, судшаванда О.Ш.Қ.-ро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии сукунат ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 1сол таъин кард.

Инчунин муайян карда шуд, яке аз сабабҳои содиршавии ҷиноят ин беназоратии нозирони ШБДА ШВКД дар ш. Турсунзода ба ҳисоб меравад.

Нозирони ШБДА ШВКД дар ш.Турсунзода, ки назорати роҳ ва ҳаракатҳои воситаи нақлиёт ба ӯҳдаашон мебошанд дар байни ронандагони воситаи нақлиёт корҳои профилактикӣ нагузаронда ба ронандагон фаҳмонда додани қонунро иҷро ва муҳокима накардаанд, ки дар натиҷа боиси марги инсон гаштааст ва мисоли дар боло оварда шуда шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад, ки ин боиси таассуф буда, баҳри ислоҳи саривақтиаш чораҳои таъхирнопазир бояд андешида шавад.

 

Далер АЛИЗОДА,
Раиси суди шаҳри Турсунзода.